https://sputnik.tj/20211224/muhojiri-bozdoshtshudai-tojik-rusiya-ikhroj-1044377793.html
Беш аз 130 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик аз Русия ихроҷ мешаванд
Беш аз 130 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик аз Русия ихроҷ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 130 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳоло дар Маркази боздоштгоҳи мувақатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав ҳастанд бо кумаки сафорати Тоҷикистон ба ватанашон баргардонида мешаванд
2021-12-24T13:40+0500
2021-12-24T13:40+0500
2021-12-24T19:08+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
маскав
ихроҷ
бозгашт
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/18/1044377456_0:406:1200:1081_1920x0_80_0_0_0147ac4d1cc86ae1ad5c751ab2d0ceb4.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Тавре сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст, ахиран консули кишвар дар Маскав аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав боздид кард ва бо ҳолати нигоҳдории ҳамватанон дар он муассиса ошно шуд.Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот бо роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.Сафорат иттилоъ додааст, ки дар рафти вохурӣ маълум гардидааст, ки ҳоло дар ин боздоштгоҳ 136 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад, ки ба 133 нафарашон аз ҷониби намояндагии дипломатӣ шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид.Ҳамчунин кормандони сафорат бо шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон мулоқот карданд.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим шудааст.Гуфта мешавад, корҳое дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва барои ҳарчи зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштшуда дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия мунтазам сурат мегиранд.
https://sputnik.tj/20211112/korshinoson-muhojiron-tojik-rushd-1043495648.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/18/1044377456_0:293:1200:1193_1920x0_80_0_0_faa4df060e0261a67d85f8ac21e5a036.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, маскав, муҳоҷирони тоҷик, ихроҷ, бозгашт
тоҷикистон, русия, маскав, муҳоҷирони тоҷик, ихроҷ, бозгашт
Беш аз 130 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик аз Русия ихроҷ мешаванд
13:40 24.12.2021 (Навсозишуда: 19:08 24.12.2021) Беш аз 130 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳоло дар Маркази боздоштгоҳи мувақатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав ҳастанд, бо кумаки сафорати Тоҷикистон ба Ватан баргардонда мешаванд
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Тавре сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст, ахиран консули кишвар дар Маскав аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав боздид кард ва бо ҳолати нигоҳдории ҳамватанон дар он муассиса ошно шуд.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот бо роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сафорат иттилоъ додааст, ки дар рафти вохурӣ маълум гардидааст, ки ҳоло дар ин боздоштгоҳ 136 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад, ки ба 133 нафарашон аз ҷониби намояндагии дипломатӣ шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид.
Ҳамчунин кормандони сафорат бо шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон мулоқот карданд.
“Ба шаҳрвандони кишвар қонунҳои амалкунандаи Русия дар бахши муҳоҷират барои дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Русия маълумот ва тавсияҳои зарурӣ дода шуд”, - қайд кардааст сафорат.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим шудааст.
Гуфта мешавад, корҳое дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва барои ҳарчи зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштшуда дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия мунтазам сурат мегиранд.