https://sputnik.tj/20211224/lapin-poygoh-rusiya-tojikiston-sipar-1044372163.html
Генерал Лапин: Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон сипари СААД дар баробари террористҳост
Генерал Лапин: Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон сипари СААД дар баробари террористҳост
Sputnik Тоҷикистон
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон танҳо бо афсарони варзида ва низомиёни қарордодӣ таъмин аст
2021-12-24T11:00+0500
2021-12-24T11:00+0500
2021-12-24T17:38+0500
дар тоҷикистон
пойгоҳи 201
террористон
сипар
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043237432_0:0:3081:1734_1920x0_80_0_0_db392af21072a2c1d87e6b62f06ab0dc.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон як "пешгоми низомӣ" дар самти ҷануб мебошанд, гуфт фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал- полковник Александр Лапин. Дар мусоҳиба бо рӯзноманигори рӯзномаи Вазорати дифои Русия "Красная звезда" ӯ қайд кард, ки дар сурати таҳдиди низомӣ ба амнияти миллии Федератсияи Русия ва муттаҳидони он воҳидҳои ин пойгоҳҳо "аввалин шуда, ҳама вазъияти вазнини рушдёбандаро бар дӯш мегиранд". "Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон воқеан пешгомони низомии мо дар самти ҷануб муҳимтарин ҷузъи нерӯҳои дастаҷамъии СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ ба омодагии ҷангии онҳо, бозсозӣ ва рушди инфрасохтор таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад", - илова намуд Лапин. Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ таъкид кард, ки пойгоҳҳои низомии Русия танҳо бо афсарони ботаҷриба ва низомиёни қарордодӣ пурра карда мешаванд.“Дар чаҳорчӯби ротатсия танҳо низомиёне, ки соҳиби касбу коранд, таҷрибаи хуб доранд ва бо интизоми ҳарбӣ мушкил надоранд, барои хидмат ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд", - афзуд ӯ. Пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи он (бахше аз Ҳавзаи марказии ҳарбӣ) аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
https://sputnik.tj/20211208/tojikiston-sozishnomai-tashkil-nizomi-yagonai-ziddihavoi-rusiya-tasvib-1044024410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043237432_69:0:2800:2048_1920x0_80_0_0_6a949305a84e41185cff641757502f13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
генерал саад пойгоҳи тоҷикистон сипар террористҳо
генерал саад пойгоҳи тоҷикистон сипар террористҳо
Генерал Лапин: Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон сипари СААД дар баробари террористҳост
11:00 24.12.2021 (Навсозишуда: 17:38 24.12.2021) Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон танҳо бо афсарони варзида ва низомиёни қарордодӣ таъмин аст
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон як "пешгоми низомӣ" дар самти ҷануб мебошанд, гуфт фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал- полковник Александр Лапин.
"Ин як навъ сипари эътилофӣ ва монеаи ҷиддие барои террористҳо ва ифротгароён дар қаламравҳои давлатҳои ҳамсояанд", - гуфт ин раҳбари низомӣ.
Дар мусоҳиба бо рӯзноманигори рӯзномаи Вазорати дифои Русия "Красная звезда" ӯ қайд кард, ки дар сурати таҳдиди низомӣ ба амнияти миллии Федератсияи Русия ва муттаҳидони он воҳидҳои ин пойгоҳҳо "аввалин шуда, ҳама вазъияти вазнини рушдёбандаро бар дӯш мегиранд".
"Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон воқеан пешгомони низомии мо дар самти ҷануб муҳимтарин ҷузъи нерӯҳои дастаҷамъии СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ ба омодагии ҷангии онҳо, бозсозӣ ва рушди инфрасохтор таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад", - илова намуд Лапин.
Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ таъкид кард, ки пойгоҳҳои низомии Русия танҳо бо афсарони ботаҷриба ва низомиёни қарордодӣ пурра карда мешаванд.
“Дар чаҳорчӯби ротатсия танҳо низомиёне, ки соҳиби касбу коранд, таҷрибаи хуб доранд ва бо интизоми ҳарбӣ мушкил надоранд, барои хидмат ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд", - афзуд ӯ.
Пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи он (бахше аз Ҳавзаи марказии ҳарбӣ) аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.