https://sputnik.tj/20211224/daler-juma-shikoyatho-limit-sharh-1044397907.html
Далер Ҷумъа шикоятҳо аз "лимит"-ро шарҳ дод
Далер Ҷумъа шикоятҳо аз "лимит"-ро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон шикоятҳои зиёди мардум, аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи маҳдудиятҳои таъмини нерӯи барқ шарҳ дод
2021-12-24T20:45+0500
2021-12-24T20:45+0500
2021-12-24T21:05+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
навоҳӣ
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1d/1031651668_0:274:3072:2002_1920x0_80_0_0_52d2bd2c093b1736eec73d303710e2a4.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар навоҳии кишвар характери техникӣ доранд. Далер Ҷумъа дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" изҳор дошт, ки шикоятҳо дар бораи интиқоли барқро аз тариқи телефонҳои боварӣ дар шаҳру навоҳӣ гирифта истодаанду инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дида, барои ҳаллашон чораандешӣ мекунанд. Ӯ гуфт, дар ин вазъ баъзе омилҳои дохилӣ ҷой доранд, ки барои бартарафсозияшон талош мекунанд. Дар мавриди омилҳои берунӣ ӯ тағйирёбии иқлимро зикр намуд, ки ба сатҳи оби дарёҳо таъсир дорад. Сокинони навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, нерӯи барқро бо фарорасии фасли сармо бо маҳдудият мегиранд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазири энергетика, имсол сатҳи оби дарёҳо ва обанборҳо дар кишвар нисбатан баландтар мебошаду таъминот бо қувваи барқ хубтар хоҳад буд. Ба гуфтаи вазир, дар пайи боло рафтани сатҳи об дар нерӯгоҳи "Роғун" ва бунёду таҷдиди дигар нерӯгоҳҳо таъмини бо барқ беҳтар мешавад. Омилҳои дигаре, ки метавонад дар беҳбуди барқрасонӣ саҳми бузург дошта бошанд, ба эътиқоди манбаъ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, таҷҳизоти каммасраф ва инчунин коҳиши талафоти техникию тиҷорӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20211203/furushi-barq-izofi-neru-sherali-kabir-maskav-video-1043927522.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1d/1031651668_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_9e6b89af13e0717af6de616902167fa9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазири энергетика, захираҳои об, тоҷикистон, техникӣ,
вазири энергетика, захираҳои об, тоҷикистон, техникӣ,
Далер Ҷумъа шикоятҳо аз "лимит"-ро шарҳ дод
20:45 24.12.2021 (Навсозишуда: 21:05 24.12.2021) Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон шикоятҳои зиёди мардум, аз ҷумла аз тариқи шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи маҳдудиятҳои таъмини нерӯи барқ шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар навоҳии кишвар характери техникӣ доранд.
Далер Ҷумъа дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" изҳор дошт, ки шикоятҳо дар бораи интиқоли барқро аз тариқи телефонҳои боварӣ дар шаҳру навоҳӣ гирифта истодаанду инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дида, барои ҳаллашон чораандешӣ мекунанд.
"Талабот ба барқ рӯз аз рӯз, чӣ дар шаҳрҳои калон ва чӣ дар навоҳӣ зиёд шуда истодааст", - таъкид намуд вазир ва афзуд, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзун талош доранд.
Ӯ гуфт, дар ин вазъ баъзе омилҳои дохилӣ ҷой доранд, ки барои бартарафсозияшон талош мекунанд. Дар мавриди омилҳои берунӣ ӯ тағйирёбии иқлимро зикр намуд, ки ба сатҳи оби дарёҳо таъсир дорад.
Сокинони навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, нерӯи барқро бо фарорасии фасли сармо бо маҳдудият мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазири энергетика, имсол сатҳи оби дарёҳо ва обанборҳо дар кишвар нисбатан баландтар мебошаду таъминот бо қувваи барқ хубтар хоҳад буд.
Ба гуфтаи вазир, дар пайи боло рафтани сатҳи об дар нерӯгоҳи "Роғун" ва бунёду таҷдиди дигар нерӯгоҳҳо таъмини бо барқ беҳтар мешавад.
Омилҳои дигаре, ки метавонад дар беҳбуди барқрасонӣ саҳми бузург дошта бошанд, ба эътиқоди манбаъ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, таҷҳизоти каммасраф ва инчунин коҳиши талафоти техникию тиҷорӣ мебошанд.