Борбади сонӣ ва хунёгари нотакрор: Ҷӯрабек Муродов 79-сола шуд

© Саҳифаи фейсбукии Парвизбек МуродовҲунарманди мардумии СССР Ҷӯрабек Муродов
Ҳунарманди мардумии СССР Ҷӯрабек Муродов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон аз зодрӯзи хунёгари нотакрор ва устоди санъати тоҷик Ҷӯрабек Муродов таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Овозхон, мутриб ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон ва Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов 78-сола шуд.
Устоди саҳнаро шуруъ аз дирӯз ҳаводорону наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо зодрӯзаш табрик мекунанд. Ҳамзамон ҳаводорони ҳунарманди шинохта аз хориҷи кишвар низ расонаҳои иҷтимоиро саршори табрикҳои самимӣ кардаанд.
Парвизбек Муродов, фарзанди ин ҳунарманд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, падараш дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ва зодрӯзашро бо дӯстони наздикашон таҷлил мекунад.
Ҳамзамон ӯ гуфт, дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори зодрӯзи устод барномаи фарҳангие идома дорад, ки дар он ҳунармандони ансамбли "Нури Хуҷанд" ва дигар санъаткорони даъватшуда ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҷӯрабек Муродов 24 декабри 1942 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Ӯ Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (соли 1967), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон ( соли1974), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (соли 1979), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1987) мебошад.
Ҷӯрабек Муродовро яке аз шинохтатарин чеҳраҳои ҳунари тоҷик берун аз марзи Тоҷикистон ва муаррифи санъати тоҷик дар хориҷ низ медонанд.
Дӯстии ҳунармандро бо устодони саҳна аз Ӯзбекистон, Русия дар гузашта Афғонистону Ҳиндустонро пуле миёни фарҳанги Тоҷикистон ва ин кишварҳо мегӯянд.
Ҳамчунин Ҷӯрабек Муродов пуркортарин овозхони тоҷик аст, ки дар тӯли наздик ба 60 соли фаъолияти ҳунариаш бештар аз 2000 тарона хондаву ба 450-тои он оҳанг бастааст.
Лентаи хабарҳо
0