https://sputnik.tj/20211224/bj-tojikiston-dollar-mablagh-1044371753.html
БҶ ба Тоҷикистон 25 миллион доллар ҷудо мекунад: барои чӣ ин маблағ сарф мешавад?
БҶ ба Тоҷикистон 25 миллион доллар ҷудо мекунад: барои чӣ ин маблағ сарф мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Маблағҳо имкон медиҳанд, ки дарсади бештари аҳолӣ барои эмкунӣ бар зидди сирояти коронавирус фаро гирифта шаванд
2021-12-24T10:30+0500
2021-12-24T10:30+0500
2021-12-24T13:20+0500
дар тоҷикистон
грант
бонки ҷаҳонӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_6c0edb7827fd33f1af7f9d29ee0034eb.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус 25 миллион мегиранд. Маблағҳои иловагӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо мешаванд, хабар медиҳад, бахши душанбегии ин ташкилоти молӣ.Ин маблағгузорӣ дар шакли грант барои вокунишҳои изтирорӣ ба пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон сурат мегирад. Ин маблағ имкон медиҳад, дарсади бештари ҷамъият моякӯбӣ ва ҳамчунин хисороти иқтисодии ношӣ аз коронавирус рафъ шавад, гуфт Озан Севимли, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.Зимнан зикр мегардад, ки маблағгузории иловагӣ инчунин хароҷоти интиқоли ваксина, паҳнкунии он дар Тоҷикистон, хароҷоти маводи мавриди ниёз (сӯзандоруҳо, қуттиҳои муҳофизатӣ), тавсеаи системаи бақайдгирии электронии ваксинаҳо, санҷишҳои COVID-19 ва чопи шаҳодатномаҳо барои афроди ваксинашудаҳоро низ дар бар мегирад. Ҳамчунин дар харидории дастгоҳҳои санҷиши COVID-19 (ПЦР), таҷҳизоти иловагии муҳофизати инфиродӣ ва маводи истеъмолӣ, аз қабили доруву дигар лавозимот барои беморхонаҳои марбути COVID-19 аз маблағ истифода мешавад. Илова бар ин мақомот метавонанд фаъолияти иртибототии худро барои ҳалли масъалаи ваксинбезорон ва пешгирӣ аз пахши маълумоти бардурӯғ дар бораи пандемия густариш диҳанд.
https://sputnik.tj/20211223/bonk-jahoni-tamir-norak-pul-1044337258.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_c3b7de4094ada51f8fd04b3dc1fa5b01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бҷ тоҷикистон пул коронавирус
бҷ тоҷикистон пул коронавирус
БҶ ба Тоҷикистон 25 миллион доллар ҷудо мекунад: барои чӣ ин маблағ сарф мешавад?
10:30 24.12.2021 (Навсозишуда: 13:20 24.12.2021) Маблағҳо имкон медиҳанд, ки дарсади бештари аҳолӣ ба моякӯбӣ таъмин шаванд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус 25 миллион мегиранд. Маблағҳои иловагӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо мешаванд, хабар медиҳад, бахши душанбегии ин ташкилоти молӣ.
Ин маблағгузорӣ дар шакли грант барои вокунишҳои изтирорӣ ба пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Ин маблағ имкон медиҳад, дарсади бештари ҷамъият моякӯбӣ ва ҳамчунин хисороти иқтисодии ношӣ аз коронавирус рафъ шавад, гуфт Озан Севимли, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.
"Сармоягузорӣ ба ваксина бар зидди COVID-19 барои Бонки Ҷаҳонӣ авлавият дорад, зеро он як шарти ҳатмӣ барои бунёди иқтисоди устувор ва ҳаётӣ дар Тоҷикистон аст", - гуфт ӯ.
Зимнан зикр мегардад, ки маблағгузории иловагӣ инчунин хароҷоти интиқоли ваксина, паҳнкунии он дар Тоҷикистон, хароҷоти маводи мавриди ниёз (сӯзандоруҳо, қуттиҳои муҳофизатӣ), тавсеаи системаи бақайдгирии электронии ваксинаҳо, санҷишҳои COVID-19 ва чопи шаҳодатномаҳо барои афроди ваксинашудаҳоро низ дар бар мегирад.
Ҳамчунин дар харидории дастгоҳҳои санҷиши COVID-19 (ПЦР), таҷҳизоти иловагии муҳофизати инфиродӣ ва маводи истеъмолӣ, аз қабили доруву дигар лавозимот барои беморхонаҳои марбути COVID-19 аз маблағ истифода мешавад.
Илова бар ин мақомот метавонанд фаъолияти иртибототии худро барои ҳалли масъалаи ваксинбезорон ва пешгирӣ аз пахши маълумоти бардурӯғ дар бораи пандемия густариш диҳанд.