Русия тарҳҳои инноватсионии ҷавонони тоҷикро дастгирӣ мекунад

© Российский центр науки и культуры в ХоджентеУчастниками интеллектуально-развлекательного мероприятия «Город моей мечты»
Участниками интеллектуально-развлекательного мероприятия «Город моей мечты» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Обуна шудан
Ҷавонони Тоҷикистон барои таҳияи тарҳҳои инноватсионӣ аз Федератсияи Русия ду миллион доллар дарёфт карданд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Русия барои татбиқи лоиҳаи рушди малакаҳои касбӣ ва тарғиби навоварӣ дар байни ҷавонон ба Тоҷикистон ду миллион доллар ҷудо кардааст.
Иҷрои ин барнома аз якуми январи соли 2022 оғоз мешавад, гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар ин маросим.
"Мо оғози як ташаббуси навро барои тавонмандсозии ҷавонон тавассути такмили ихтисос ва инноватсия эълон мекунем, ки Русия барои татбиқи он ду миллион доллар ҷудо кардааст", - гуфт дипломати рус.
Ба гуфтаи ӯ, Русия дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ қасд доранд, барои ҷавонони фаъоли тоҷик то 350 ҷойи нави корӣ таъсис диҳанд ва дар ин замина ба талаботи муосири бозори меҳнат тамаркуз хоҳанд кард.
Ин кумак асосан ба писарону духтарони манотиқи дурдасти Тоҷикистон дахл хоҳад дошт. Сафир ёдовар шуд, ки ин дуюмин лоиҳаи дастгирии ҷавонони кишвар аст.
Посольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
“Хӯреду хонед”: кӯмаки даҳҳо тон орду равғани Русия ба мактабҳои Тоҷикистон
Ташаббуси дигари Русия, ки дар доираи он барои 250 ҷавон, аз ҷумла 120 зан ҷойи кори доимӣ фароҳам овард, соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.
Авохири моҳи ноябр дар ҷараёни сафараш ба Душанбе муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук гуфта буд, ки мақомоти Русия барои бунёди панҷ мактаби замонавӣ дар Тоҷикистон 150 миллион доллар ихтисос додаанд.
Муассисаҳои таълимӣ барои 1200 талаба пешбинӣ шудаанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони мактабҳо то якуми сентябри соли 2022 анҷом шавад.
Лентаи хабарҳо
0