Пешгӯии ҳавошиносон: дар бархе навоҳӣ борону барф дар назар аст

© SputnikПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳида кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо оҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Хатлониёнро ҳавои қисман абрнок дар пеш буда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар базе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф меояд. Дар баъзе ноҳияхо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хукун то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0