https://sputnik.tj/20211222/norozigii-raisi-shahri-guliston-ravandi-moyakubi-1044327838.html
Норозигии раиси шаҳри Гулистон аз раванди моякӯбӣ
Норозигии раиси шаҳри Гулистон аз раванди моякӯбӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Гулистон ба мансабдорон супориш дод, ки барои дуруст ба роҳ мондани раванди моякӯбӣ бар зидди COVID-19 бояд чораҳои дахлдор гирифта шавад
2021-12-22T18:50+0500
2021-12-22T18:50+0500
2021-12-22T20:36+0500
дар тоҷикистон
суғд
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/16/1044327792_0:0:854:480_1920x0_80_0_0_f040a80f879e718b6e005ccb4d908e58.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Гулистон, ахиран дар бинои мақомоти шаҳр ҷаласаи кории мақомот бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо баргузор гардид, ки дар он чандин масъалаи муҳим баррасӣ шуд.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси шаҳри Гулистон бо ҳозирин шароити раванди мутобиқ ба талаботи моякӯбӣ алайҳи COVID-19-ро баррасӣ кардааст, ки дар зимн аз ҷараёни кунди ваксиназанӣ дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ намудааст.Ҳамчунин зимни ҷаласа рафти барқароркунии қубурҳои обгузар аз тарафи ширкати “Фаррухрӯз”, ҳуҷҷатгузории замин барои сохтмони иншооти обтозакунӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шудаанд.Манбаъ таъкид кардааст, ки раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода вобаста ба масъалаҳои мазбур супоришҳои додааст.Раиси шаҳр аз мансабдорон хостааст, ки роҷеъ ба ҳар як масъалаи баррасишуда то охири ҳафта гузориш пешниҳод намоянд.Инчунин, тибқи иттилои манбаъ, дар бораи таҳлили сабабҳои коҳиши моҳӣ ва пешгирӣ аз шикори ғайриқонунӣ дар обанбори “Қайроққум”, назорати кашидани хатти оби нӯшокӣ ва тадбирҳои иловагии вобаста ба омодагии биноҳои маъмурии роҳи протоколӣ ба гурӯҳҳои корӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
https://sputnik.tj/20211217/tandurusti-aholi-tojikiston-moyakubi-1044212480.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/16/1044327792_105:0:745:480_1920x0_80_0_0_f3974da7ada7f72005f9e0102e355698.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гулистон, тоҷикистон, суғд, моякӯбӣ, ваксина
гулистон, тоҷикистон, суғд, моякӯбӣ, ваксина
Норозигии раиси шаҳри Гулистон аз раванди моякӯбӣ
18:50 22.12.2021 (Навсозишуда: 20:36 22.12.2021) Раиси шаҳри Гулистон ба мансабдорон супориш дод, ки барои дуруст ба роҳ мондани раванди моякӯбӣ бар зидди COVID-19 иқдом кунанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Гулистон, ахиран дар бинои мақомоти шаҳр ҷаласаи кории мақомот бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо баргузор гардид, ки дар он чандин масъалаи муҳим баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси шаҳри Гулистон бо ҳозирин шароити раванди мутобиқ ба талаботи моякӯбӣ алайҳи COVID-19-ро баррасӣ кардааст, ки дар зимн аз ҷараёни кунди ваксиназанӣ дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ намудааст.
Ҳамчунин зимни ҷаласа рафти барқароркунии қубурҳои обгузар аз тарафи ширкати “Фаррухрӯз”, ҳуҷҷатгузории замин барои сохтмони иншооти обтозакунӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шудаанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода вобаста ба масъалаҳои мазбур супоришҳои додааст.
Раиси шаҳр аз мансабдорон хостааст, ки роҷеъ ба ҳар як масъалаи баррасишуда то охири ҳафта гузориш пешниҳод намоянд.
Инчунин, тибқи иттилои манбаъ, дар бораи таҳлили сабабҳои коҳиши моҳӣ ва пешгирӣ аз шикори ғайриқонунӣ дар обанбори “Қайроққум”, назорати кашидани хатти оби нӯшокӣ ва тадбирҳои иловагии вобаста ба омодагии биноҳои маъмурии роҳи протоколӣ ба гурӯҳҳои корӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.