https://sputnik.tj/20211222/muloqoti-safiri-tojikiston-muovini-vaziri-nafti-eron-1044332332.html
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири нафти Эрон
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири нафти Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо вазири нафти Эрон ҳамкориҳои дуҷанибаро баррасӣ кард
2021-12-22T21:00+0500
2021-12-22T21:00+0500
2021-12-22T21:04+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/16/1044332151_89:0:889:450_1920x0_80_0_0_5765e2d3179056a098167de40cc81a9a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон бо Аҳмад Асадзода, муовини вазири нафти Эрон баргузор гардид.Тибқи иттилои манбаъ, зимни дидору гуфтугӯи онҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар соҳоти мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҳаммчунин тарафҳо бар зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Cайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодаанд.Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон нуҳуми январи соли 1992 барқарор шуданд.Сафорати Эрон моҳи январи соли 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд.Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардид.Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
https://sputnik.tj/20211109/tojikiston-eron-hamkori-iqtisod-1043356404.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/16/1044332151_189:0:789:450_1920x0_80_0_0_396cc5ecd9cb63a93113d9cd86966b24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, мулоқот, ҳамкорӣ, вазири нафт
тоҷикистон, эрон, мулоқот, ҳамкорӣ, вазири нафт
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири нафти Эрон
21:00 22.12.2021 (Навсозишуда: 21:04 22.12.2021) Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо вазири нафти Эрон ҳамкориҳои дуҷанибаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон бо Аҳмад Асадзода, муовини вазири нафти Эрон баргузор гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни дидору гуфтугӯи онҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар соҳоти мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳаммчунин тарафҳо бар зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Cайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодаанд.
Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон нуҳуми январи соли 1992 барқарор шуданд.
Сафорати Эрон моҳи январи соли 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардид.
Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.