Лавров аз аблаҳии дабири кулли НАТО гуфт - видео

Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия амалкарди дабири кулли НАТО Йенс Столтенбергро аблаҳӣ арзёбӣ кард
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ба пешниҳодҳои Русия дар бораи кафолатҳои амниятӣ вокуниши аблаҳона мекунад. Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо RT гуфт.
"Ҷаноби Столтенберг пайваста баъзе изҳороти бехирадона баён мекунад", - гуфт ӯ.
Лавров ёдовар шуд, дабири кулл дар поёни сол салоҳияти худро ба поён мерасонад. Столтенберг дар иҷрои масъулияташ ноком мешавад, агар вай "мафҳуми калидии амнияти баробар ва тақсимнашаванда"-ро фаромӯш кунад. Ин мафҳум аз он иборат аст, ки ҳеҷ як кишвари узви САҲА амнияти худро аз ҳисоби дигар кишварҳо мустаҳкам намекунад.
Қаблан дабири кулли паймон омодагии худро барои муколама бо Русия ва ҷаласаи Шӯрои Русияву НАТО дар авоили соли 2022 эълон карда буд.
Лавров: Табдили кишварҳои ҳамсоя ба қудрати муқовимат бо Русия қобили қабул нест - видео
Дар ҳамин ҳол Столтенберг афзуд, ки ин созмон бо Маскав созиш нахоҳад кард. Ин ҳам ба масъалаи тавсеаи НАТО ва ҳам ба ҳуқуқи Украина барои “интихоби роҳи худ” рабт дорад.
Илова бар ин, Лавров даъват кард, ки ба Киев дар иҷрои тавофуқоти Минск таъсир расонад.
Лентаи хабарҳо
0