Ҷабборов ба домоди Мирзиёев мукофот дод

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Обуна шудан
Президенти Қирғизистон дастур додааст, ба раиси Конфедератсияи ММА-и Осиёи Марказӣ, ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё ифтихорнома диҳанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Президент Содир Ҷабборов дар бораи қадрдонии Отабек Умаров, домоди президенти Ӯзбекистон бо грамотаи фахрӣ фармон имзо кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба хабаргузории "Kabar".
Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ин ҷоиза барои саҳми арзандаи ӯ дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Қирғизистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи фарҳангу варзиш тақдим шудааст.
Ёдовар мешавем, моҳи феврали соли 2020 роҳбари Ассосиатсияи муҳорибаҳои омехтаи Ӯзбекистон Отабек Умаров роҳбари Конфедератсияи ММА (размҳои омехта)-и Осиёи Марказӣ таъйин шуд.
Домоди Мирзиёев роҳбари Конфедератсияи ММА дар Осиёи Марказӣ таъин шуд
Ва ӯ дар моҳи декабри соли 2020 ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (OCA) шуд.
Пеш аз сафари Ҳабиб: домоди Мирзиёев роҳбари Асостсиатсияи ММА интихоб шуд
Ба шарофати Бозиҳои осиёии наврасони соли 2025 дар Ӯзбекистон ин кишвар бори нахуст ҳаққи пешниҳоди намоянда худро ба мақоми ноиби президенти ОМҶ-ро пайдо кард.
Отабек Умаров домоди хурдии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамсари духтараш Шаҳноза мебошад.
Лентаи хабарҳо
0