Русия ба далели гарон шудани нархи манзил аз муҳоҷирон даст намекашад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкРабочие на стройке
Рабочие на стройке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Русия аз муҳоҷирони корӣ даст намекашад, зеро норасоии кормандон метавонад арзиши манзилро то 40 дарсад боло барад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Мақомоти федералии Русия пешниҳоди даст кашидан аз муҳоҷирон дар сохтмонҳоро напазируфт, менависад "Известия" бо истинод ба дафтари муовини нахуствазири Русия Марат Ҳуснуллин.
Зикр гардид, ки норасоии нерӯи корӣ ба арзиши сохтмон таъсири ҷиддӣ мерасонад ва эҳтимол нархи манзил аз 10 то 40 фисад гарон шавад.
Ин маълумот аз назарсанҷии ахир, ки Думаи давлатӣ бо ширкати соҳибкорон анҷом дод, ба даст омадааст.
Ҳудуди 24 фисади пурсидашудаҳо бар ин назаранд, ки даст кашидан аз муҳоҷирон тамоман номумкин аст.
Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Вуруди бархе аз муҳоҷирон ба Русия манъ мешавад: фармони нави ВУД
28 дарсади дигар бар он аст, ки аз се то панҷ сол пас имкон пайдо мешавад, то аз баҳри муҳоҷирон гузашт, аммо 47 дарсад гуфтааст, на дертар аз як ё ду сол ин корро амалӣ кардан мумкин аст.
Ба гуфтаи узви Кумитаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Думаи давлатии Русия Александр Якубовский, дар шароити феълӣ мамнуияти пурраи муҳоҷирон боиси мутаваққиф шудани сохтмонҳо мегардад.
Вазорати сохтмони Федератсияи Русия гуфт, бо назардошти вазифаҳои густурдае, ки дар назди соҳаи сохтмон истодаанд, масъалаи воридоти нерӯи кории хориҷӣ ба минтақаҳо ҳамчунон муҳим аст. Раёсат мегӯяд, бо вуҷуди он ки ҳоло омили асосии афзоиши арзиши манзил нархгузорӣ дар соҳаи масолеҳи бинокорӣ мебошад, нарасидани қувваи корӣ ба арзиши сохтмон низ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0