https://sputnik.tj/20211221/pillaparvaron-10-sol-az-pardokhti-andoz-ozod-1044285511.html
Раҳмон кирмакпарваронро 10 сол аз пардохти андоз озод кард
Раҳмон кирмакпарваронро 10 сол аз пардохти андоз озод кард
Sputnik Тоҷикистон
Пиллапарварони тоҷик ба муҳлати 10 сол аз пардохти андоз озод шуданд
2021-12-21T11:10+0500
2021-12-21T11:10+0500
2021-12-21T16:01+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
паёми солона
саноат
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044297094_0:636:1363:1403_1920x0_80_0_0_e2e1b7b61221cd4159162acb20cfcbc3.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони кирмакпарварро аз пардохти андоз ба муҳлати 10 сол озод кард.Дар ин бора раисҷумҳур зимни ироаи паёми солонааш ба парлумон хабар дод.Ӯ гуфт, кирмакпарварӣ ва умуман кишоварзӣ солҳои охир дар тамоми ҷаҳон қариб аз байн рафтааст ва барқарор кардани он дар Тоҷикистон барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ зарур аст.Президент таъкид кард, ки дар ин росто, махсусан барои бонувони кишвар дар манзили зисташон ҷойҳои нави корӣ пайдо мешавад.Дар ин росто президенти кишвар ба масъулини дахлдор ва бавижа, Вазорати саноат супориш дод, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат (солҳои 2022-2026) масъалаи рушди кирмакпарвариро дар кишвар бозбинӣ намуда, ҳамаи камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунанд.Раҳмон дар бораи афзоиши ММД дар Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044297094_0:509:1363:1531_1920x0_80_0_0_c9f47feceebd3dd27646fad12a6136a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, тоҷикистон, паёми солона
эмомалӣ раҳмон, тоҷикистон, паёми солона
Раҳмон кирмакпарваронро 10 сол аз пардохти андоз озод кард
11:10 21.12.2021 (Навсозишуда: 16:01 21.12.2021) Кирмакпарварони тоҷик ба муҳлати 10 сол аз пардохти андоз озод шуданд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони кирмакпарварро аз пардохти андоз ба муҳлати 10 сол озод кард.
Дар ин бора раисҷумҳур зимни ироаи паёми солонааш ба парлумон хабар дод.
Ӯ гуфт, кирмакпарварӣ ва умуман кишоварзӣ солҳои охир дар тамоми ҷаҳон қариб аз байн рафтааст ва барқарор кардани он дар Тоҷикистон барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ зарур аст.
"Замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд", - эълон кард кишвардор.
Президент таъкид кард, ки дар ин росто, махсусан барои бонувони кишвар дар манзили зисташон ҷойҳои нави корӣ пайдо мешавад.
Дар ин росто президенти кишвар ба масъулини дахлдор ва бавижа, Вазорати саноат супориш дод, ки дар доираи
панҷсолаи рушди саноат (солҳои 2022-2026) масъалаи рушди кирмакпарвариро дар кишвар бозбинӣ намуда, ҳамаи камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунанд.