Фармондеҳии Ҳавзаи марказии Русия нақшаҳо барои соли 2022 дар Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкУчения стран ОДКБ в Таджикистане
Учения стран ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Ба далели афзоиши таҳдиди террористӣ Русия теъдоди размоишҳои муштарак дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Низомиёни Ҳавзаи марказии низомии Русия дар соли оянда беш аз 300 машқи таъйиноти гуногунро амалӣ мекунанд, изҳор дошт фармондеҳи нерӯҳои ин ҳавза Александр Лапин.
Машқҳои низомӣ бо назардошти боло рафтани фаъолияти созмонҳои террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ зиёд мешаванд.
"Дар маҷмуъ соли 2022 беш аз 300 размоишро дар қисму воҳидҳои Ҳавзаи марказии Русия, аз ҷумла дар пойгоҳҳои низомӣ дар Қирғизистону Тоҷикистон ба нақша гирифтаем", - иттилоъ дод Лапин дар пайи ҷаласаи ҷамъбастии мушовараи Вазорати дифоъ.
Командно-штабные учения, расчеты ЗРК С-300  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Ҳимояти Шӯрои федералӣ аз ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон
Таъкид шуд, ки бар асоси арзёбии вазъи сиёсӣ-низомӣ, фаъолияти созмонҳои террористӣ барои мустаҳкам кардани мавқеяшон дар минтақа аз таҳдидҳои асосӣ ба субот дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
Фармондеҳ зикр намуд, ки соли 2021 омодагии нерӯҳои мухталиф бо назардошти таҷрибаи ҷангии Сурия таҳким шуд.
Ба гуфтаи ӯ, зимни тамринҳо таваҷҷуҳ ба масоили мубориза бо ҳавопаймҳои бесарнишин дода шуд.
Қаблан низ Лапин изҳор дошта буд, ки размоишҳо дар соли 2022-ро дар Осиёи Марказӣ зиёд мекунад. Аз ҷумла дар марҳилаи зимистон дар пойгоҳи 201-и Русия ҳудуди 40 размоиш дар назар аст.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия калонтарин воҳиди низомии ин кишвар дар берун аз қаламрави он мебошад, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0