https://sputnik.tj/20211220/rusiya-shartho-bastan-marz-kishvarho-1044257637.html
Дар Русия шартҳои бастани марзҳо бо кишварҳои дигар гуфтанд
Дар Русия шартҳои бастани марзҳо бо кишварҳои дигар гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Роспотребнадзор шартҳои бастани марзҳои Русия бо кишварҳои дигарро гуфт, ки бо сабаби коронавирус дубора ба вуҷуд омаданаш имкон дорад
2021-12-20T08:00+0500
2021-12-20T08:00+0500
2021-12-20T20:14+0500
дар ҷаҳон
марз
маҳдуд
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043775478_0:0:3011:1694_1920x0_80_0_0_5bfe07d12f72065d742a72b4665309ae.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Раҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова гуфт, Ситоди мубориза бо коронавирус метавонад якбора бо чанд сабаб дар бораи бастани марзҳо тасмим бигирад. Дар ин ҳолат сабаби асосӣ эҳтимоли афзоиши хатари эпидемиологӣ мебошад. Попова дар ин бора дар эфири шабакаи "Россия 1" хабар дод. Ӯ аз вазъи соли 2020 ёдовар шуд, ки сафар ба дигар кишварҳо бинобар хатарҳои мавҷуда ба саломатии инсонро маҳдуд карда буд.Ба гуфтаи вай, вазъ то ҳол муташанниҷ аст ва коҳиши маҳдудиятҳо метавонад боиси афзоиши ин беморӣ гардад. Қаблан раиси "Роспотребнадзор" гуфта буд, ки ниҳодҳои марбута бар асоси иттилои хадамоти марзбонӣ дар ин хусус тадбир меандешанд.Онҳо инчунин аломатҳои дар шиносномаҳобударо дар бораи кишварҳое, ки хатари баланд доранд, бодиққат тафтиш мекунанд. Илова бар ин сардори ин ниҳод шаҳрвандони Русияро ҳушдор додааст, ки дар зимни сафар ба хориҷ аз ин кишвар дар рӯзҳои Соли Нав аз эҳтиёт кор бигиранд.Бонги хатари "Роспотребнадзор": Омикрон ҷаҳонро таҳдид мекунадБа гуфтаи ӯ, суръати паҳншавии навъи омикрон дар ҷаҳон бо асароти худ аҳолиро ба хатару даҳшат овардааст. Ёдовар мешавем, ба далели кашфи навъи нави коронавирус - омикрон дар ҷануби Африқо Русия вуруди шаҳрвандони хориҷиро аз Африқои Ҷанубӣ, Лесото, Ботсвана, Намибия, Зимбабве, Мозамбик ва ҳамчунин аз Мадагаскар, Танзания, Эсватинӣ ва Ҳонконг маҳдуд кардааст.
https://sputnik.tj/20211218/bozdid-popova-ozmoishgohho-dushanbe-1044239557.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043775478_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_59434e46a05754b452642b167896d4db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия шарт бастан марз кишвар
русия шарт бастан марз кишвар
Дар Русия шартҳои бастани марзҳо бо кишварҳои дигар гуфтанд
08:00 20.12.2021 (Навсозишуда: 20:14 20.12.2021) Раиси "Роспотребнадзор" шартҳои бастани марзҳои Русия бо кишварҳои дигарро гуфт, ки бо сабаби коронавирус дубора ба вуҷуд омаданаш имкон дорад
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Раҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова гуфт, Ситоди мубориза бо коронавирус метавонад якбора бо чанд сабаб дар бораи бастани марзҳо тасмим бигирад.
Дар ин ҳолат сабаби асосӣ эҳтимоли афзоиши хатари эпидемиологӣ мебошад. Попова дар ин бора дар эфири шабакаи "Россия 1" хабар дод.
Ӯ аз вазъи соли 2020 ёдовар шуд, ки сафар ба дигар кишварҳо бинобар хатарҳои мавҷуда ба саломатии инсонро маҳдуд карда буд.
Ба гуфтаи вай, вазъ то ҳол муташанниҷ аст ва коҳиши маҳдудиятҳо метавонад боиси афзоиши ин беморӣ гардад.
Қаблан раиси "Роспотребнадзор" гуфта буд, ки ниҳодҳои марбута бар асоси иттилои хадамоти марзбонӣ дар ин хусус тадбир меандешанд.
Онҳо инчунин аломатҳои дар шиносномаҳобударо дар бораи кишварҳое, ки хатари баланд доранд, бодиққат тафтиш мекунанд.
Илова бар ин сардори ин ниҳод шаҳрвандони Русияро ҳушдор додааст, ки дар зимни сафар ба хориҷ аз ин кишвар дар рӯзҳои Соли Нав аз эҳтиёт кор бигиранд.
Ба гуфтаи ӯ, суръати паҳншавии навъи омикрон дар ҷаҳон бо асароти худ аҳолиро ба хатару даҳшат овардааст.
Ёдовар мешавем, ба далели кашфи навъи нави коронавирус - омикрон дар ҷануби Африқо Русия вуруди шаҳрвандони хориҷиро аз Африқои Ҷанубӣ, Лесото, Ботсвана, Намибия, Зимбабве, Мозамбик ва ҳамчунин аз Мадагаскар, Танзания, Эсватинӣ ва Ҳонконг маҳдуд кардааст.