https://sputnik.tj/20211220/qirghiziston-donishjuyon-khorij-ozor-ghorat-hukumat-kumak-1044264279.html
Дар Қирғизистон донишҷӯёни хориҷиро азияту ғорат мекунанд: онҳо аз ҳукумат кумак хостанд
Дар Қирғизистон донишҷӯёни хориҷиро азияту ғорат мекунанд: онҳо аз ҳукумат кумак хостанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Қирғизистон ҳамарӯза ҳолатҳои кӯфтану ғорат кардани донишҷӯёни хориҷӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст
2021-12-20T13:30+0500
2021-12-20T13:30+0500
2021-12-20T20:58+0500
қирғизистон
маориф
осиёи марказӣ
донишҷӯён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102578/04/1025780475_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_9b17fd92a23b7519b8611ee65ad1c5f4.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Донишҷӯёни покистонӣ, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, расман ба ҳукумати ин кишвар муроҷиат намудаанд, хабар медиҳад "24 kg".Донишҷӯён шикоят намудаанд, ки аз ҷониби ҷавонони ин кишвар пайваста мавриди латукӯб ва ғоратгарӣ қарор мегиранд. Онҳо аз ҳукумат дархости кумак кардаанд.Донишҷӯён ҳамчунин талаб намудаанд, ки дар шуъбаҳои корҳои дохилӣ бо назардошти теъдоди хориҷиён тарҷумонҳо бо забони англисиро бештар кунанд.Қаблан сарусадоҳо дар мавриди таъқиби донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон низ зиёд буд. Дар робита ба ин ҳатто вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти матбуотӣ таъкид карда буд. Вазир аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, даъват намуд, ба Ватан баргарданд ва таҳсили худро дар донишгоҳҳои кишвар идома диҳанд.Аммо Вазорати маорифи Қирғизистон он замон ин сарусадоҳоро беасос хонд ва зикр намуд, ки донишҷӯёни тоҷик мавриди таъқиб қарор нагирифтаанд ва нохоҳанд гирифт.Мушкилот дар муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаи марзии моҳи апрел сар зад, ки дар натиҷа Қирғизистон вуруди шаҳрвандон ва бор аз Тоҷикистонро манъ кард.
https://sputnik.tj/20210716/vazorat-intiqoli-muhassilin-tojik-qirghiziston-tojikiston-1040944452.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102578/04/1025780475_167:0:2898:2048_1920x0_80_0_0_43b09e9c75c2c2654b22572abeeceab7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон донишҷӯён
Дар Қирғизистон донишҷӯёни хориҷиро азияту ғорат мекунанд: онҳо аз ҳукумат кумак хостанд
13:30 20.12.2021 (Навсозишуда: 20:58 20.12.2021) Дар Қирғизистон ҳамарӯза ҳолатҳои кӯфтану ғорат кардани донишҷӯёни хориҷӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Донишҷӯёни покистонӣ, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, расман ба ҳукумати ин кишвар муроҷиат намудаанд,
хабар медиҳад "24 kg".
Донишҷӯён шикоят намудаанд, ки аз ҷониби ҷавонони ин кишвар пайваста мавриди латукӯб ва ғоратгарӣ қарор мегиранд. Онҳо аз ҳукумат дархости кумак кардаанд.
"Донишҷӯёне, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, дигар худро бехатар эҳсос намекунанд. Мо аз ҳукумат хоҳиш мекунем, барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, чораҳои амниятӣ андешад", - омадааст дар муроҷиати донишҷӯёни покистонӣ.
Донишҷӯён ҳамчунин талаб намудаанд, ки дар шуъбаҳои корҳои дохилӣ бо назардошти теъдоди хориҷиён тарҷумонҳо бо забони англисиро бештар кунанд.
Қаблан сарусадоҳо дар мавриди таъқиби донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон низ зиёд буд. Дар робита ба ин ҳатто вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти матбуотӣ таъкид карда буд.
Вазир аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, даъват намуд, ба Ватан баргарданд ва таҳсили худро дар донишгоҳҳои кишвар идома диҳанд.
Аммо Вазорати маорифи Қирғизистон он замон ин сарусадоҳоро беасос хонд ва зикр намуд, ки донишҷӯёни тоҷик мавриди таъқиб қарор нагирифтаанд ва нохоҳанд гирифт.
Мушкилот дар муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаи марзии моҳи апрел сар зад, ки дар натиҷа Қирғизистон вуруди шаҳрвандон ва бор аз Тоҷикистонро манъ кард.