https://sputnik.tj/20211220/putin-tahdid-rusiya-1044261731.html
Путин таҳдиди асосӣ ба Русияро гуфт
Путин таҳдиди асосӣ ба Русияро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури гуфт, ки кишвар бояд бо чӣ чизе мубориза барад
2021-12-20T12:15+0500
2021-12-20T12:15+0500
2021-12-20T12:01+0500
владимир путин
таҳдид
мубориза
хатар
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042288309_0:0:3145:1770_1920x0_80_0_0_1660ad2e824fefb1ff95e34b5d681dc8.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Экстремизм ба ягонагии Русия таҳдид мекунад. Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни табрикоти видеоӣ ба муносибати Рӯзи мақомоти амният изҳор дошт. Ба гуфтаи сарвари давлат, шаҳрвандони кишвар аз мутахассисон дар мубориза бо ифротгароӣ комёбиҳои нав интизоранд. Раисиҷумҳури Русия дар як навори видеоие, ки дар сомонаи шабакаи телевизионии “Звезда” нашр шуд, ишора кардааст, ки дар 11 моҳи соли 2021 дар кишвар 61 ҷинояти террористӣ, аз ҷумла 32 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ шудааст. Ва дар 11 сол зиёда аз 200 чунин иқдомот пешгирӣ карда шудааст. "Ин натиҷаи хуб аст, вале ҳанӯз ҳам мушкилот зиёданд", - гуфт сарвари давлат. Путин вазъи байналмилалиро душвор арзёбӣ карда, аз афзоиши талабот ба фаъолияти хадамоти махсус бинобар хусусият ва миқёси чолишҳои муосир қайд кард. "Пеш аз ҳама, дар ҳалли вазифаи аввалиндараҷаи шумо – муборизаи шадид ва оштинопазир бо терроризм аст", - гуфт ӯ. Ба гуфти президенти мамлакат, минбаъд "амалиёти хуҷумкорона ва самарабахш, барҳам додани ячейкаҳои гуруҳҳои байналхалкӣ, ошкор ва фуру нишондани робитаҳо, кори тахрибкорона ва ҷалб намудани кадрҳо" зарур аст.Путин дар қатори дигар вазифаҳои муҳими хадамоти амниятӣ мубориза бо фасод, ҳифзи марзи Русия ва ғайраро ном гирифт.
https://sputnik.tj/20211114/posukhi-tundi-putin-bar-raqiboni-rusiya--1043541824.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042288309_37:0:2768:2048_1920x0_80_0_0_8b05c99cfe1e9aa3fd57fe5a436c9f91.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин таҳдид русияро
Путин таҳдиди асосӣ ба Русияро гуфт
Раисиҷумҳури гуфт, ки кишвар бояд бо чӣ чизе мубориза барад, то Русия дар оромӣ бимонад
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Экстремизм ба ягонагии Русия таҳдид мекунад. Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни табрикоти видеоӣ ба муносибати Рӯзи мақомоти амният изҳор дошт.
Ба гуфтаи сарвари давлат, шаҳрвандони кишвар аз мутахассисон дар мубориза бо ифротгароӣ комёбиҳои нав интизоранд.
"Ин таҳдиди мустақим ба ваҳдати Русия аст. Зарур аст, ки ҳамагуна зуҳуроти бегонаситезӣ, хусумати иҷтимоӣ ва мазҳабӣ қатъиян саркӯб карда, аз ҷалби мардум, бахусус ҷавонон ба фаъолиятҳои ғайриқонунии зиддидавлатӣ пешгирӣ карда шавад", - таъкид кард Путин.
Раисиҷумҳури Русия дар як навори видеоие, ки дар сомонаи шабакаи телевизионии “Звезда” нашр шуд, ишора кардааст, ки дар 11 моҳи соли 2021 дар кишвар 61 ҷинояти террористӣ, аз ҷумла 32 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ шудааст. Ва дар 11 сол зиёда аз 200 чунин иқдомот пешгирӣ карда шудааст.
"Ин натиҷаи хуб аст, вале ҳанӯз ҳам мушкилот зиёданд", - гуфт сарвари давлат.
Путин вазъи байналмилалиро душвор арзёбӣ карда, аз афзоиши талабот ба фаъолияти хадамоти махсус бинобар хусусият ва миқёси чолишҳои муосир қайд кард.
"Пеш аз ҳама, дар ҳалли вазифаи аввалиндараҷаи шумо – муборизаи шадид ва оштинопазир бо терроризм аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфти президенти мамлакат, минбаъд "амалиёти хуҷумкорона ва самарабахш, барҳам додани ячейкаҳои гуруҳҳои байналхалкӣ, ошкор ва фуру нишондани робитаҳо, кори тахрибкорона ва ҷалб намудани кадрҳо" зарур аст.
Путин дар қатори дигар вазифаҳои муҳими хадамоти амниятӣ мубориза бо фасод, ҳифзи марзи Русия ва ғайраро ном гирифт.