Талаби 10 000 сомонӣ барои озодӣ аз сарбозӣ: боздошти кормандони комиссариати ҳарбӣ

© Sputnik / Максим БогодвидВоенный билет. Архивное фото
Военный билет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.
ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Ожонси зидди фасод дар пайи муроҷитаи шаҳршванд "А" корманди комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд хонум А.М.Н- ро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар омода карда додани билети ҳарбии корношоямӣ ва талаби пул муттаҳам мешавад.
Гуфта мешавад, ӯ барои ин кор аз шаҳрванд "А" 10 000 сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ 4000 сомониашро гирифта, боқимонда, 6000 сомонии дигарро талаб кардааст.
"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони агентӣ ин корманди комиссариат баъд аз шаҳрванд “А” гирифтани 6000 сомонӣ пора боздошт ва маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт шудааст",- афзуд дафтари матбуотии оҷонсӣ.
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Талаби 22 000 сомонӣ барои озодӣ аз хидмати ҳарбӣ: боздошти мақомдори Комиссариати Хатлон
Ожонсии зидди фасод мегӯяд, дар ин асос нисбат ба А.М.Н. ва Ғ.З.И. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "б", "в", "г", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем, ин нахустин боздошти кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ набуда, дар гузашта низ оҷонсӣ аз чунин ҳолатҳо зиёд хабар додаааст.
Лентаи хабарҳо
0