https://sputnik.tj/20211220/hushdor-shahrdor-kobul-tasovir-ghayrishari-lavhahoi-pok-1044266198.html
Ҳушдори шаҳрдори Кобул: Тасовири ғайришаръӣ аз лавҳаҳои шаҳр пок мешаванд
Ҳушдори шаҳрдори Кобул: Тасовири ғайришаръӣ аз лавҳаҳои шаҳр пок мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Кобули гурӯҳи толибон мегӯяд, ки раванди поксозии тасовир “хилофи мувозин шаръӣ” аз лавҳаҳои сатҳи шаҳри Кобул тавасути ин гурӯҳ оғоз шудааст
2021-12-20T14:02+0500
2021-12-20T14:02+0500
2021-12-20T21:02+0500
афғонистон
кобул
осиёи марказӣ
лавҳа
шаҳрдор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717914_0:105:3071:1832_1920x0_80_0_0_c9cd79994b5ff2dacc5f11c08f8d1167.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Шаҳрдори толибон ахиран гуфт, "дар манотиқи мухталифи Кобул раванди поксозии тасвирҳои ғайришаръии лавҳаҳо, эълонҳо ва лавҳаҳои таблиғотӣ идома дорад", иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Вай таъкид кардааст, ки таваҷҷуҳ ба арзишҳо ва ҳудуди ахлоқӣ дар ҷомеа бар тамоми мардум воҷиб шумурда мешавад ва лозим аст, то ҳаққи тамоми асноф ва иштиҳороти мардумро дар лавҳаҳои худ риоят кунанд.Тасвирҳое, ки шаҳрдории толибон дар Кобул мунташир кардаанд, нишон медиҳад, бештари аксҳои занон дар сартарошхонаҳо рангубор шудаанд.Бо омадани толибон бар сари қудрат ба Афғонистон дар рӯзи 15-уми август онҳо дар манотиқи мухталиф маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кардаанд. Ин гурӯҳ бисёре аз фаъолиятҳоро ғайриисломӣ хондаву мутаваққиф кард.Аксари маҳдудиятҳое, ки ин гурӯҳ ҷорӣ кардааст, бар зидди занонанд.Илова бар ин Толибон Вазорати умури занонро аз кобинаи ҳукумати муваққати худ хориҷ карда, ба ҷои он Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро таъсис доданд. Бо таъсиси ин вазорат занон аз ҳаққи кор дар идораҳои мухталифи давлатӣ маҳрум шуданд.
https://sputnik.tj/20211220/sanduqi-islomi-afghoniston-ejod-meshavad-1044264622.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717914_123:0:2854:2048_1920x0_80_0_0_ef639c01f85eb02967010019ac90f4ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, лавҳа, шаҳрдор, кобул, пок, шаръӣ
афғонистон, лавҳа, шаҳрдор, кобул, пок, шаръӣ
Ҳушдори шаҳрдори Кобул: Тасовири ғайришаръӣ аз лавҳаҳои шаҳр пок мешаванд
14:02 20.12.2021 (Навсозишуда: 21:02 20.12.2021) Шаҳрдори Кобули гурӯҳи толибон мегӯяд, ки раванди поксозии тасовири “хилофи мувозин шаръӣ” аз лавҳаҳои сатҳи шаҳри Кобул тавассути ин гурӯҳ оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Шаҳрдори толибон ахиран гуфт, "дар манотиқи мухталифи Кобул раванди поксозии тасвирҳои ғайришаръии лавҳаҳо, эълонҳо ва лавҳаҳои таблиғотӣ идома дорад", иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай таъкид кардааст, ки таваҷҷуҳ ба арзишҳо ва ҳудуди ахлоқӣ дар ҷомеа бар тамоми мардум воҷиб шумурда мешавад ва лозим аст, то ҳаққи тамоми асноф ва иштиҳороти мардумро дар лавҳаҳои худ риоят кунанд.
Тасвирҳое, ки шаҳрдории толибон дар Кобул мунташир кардаанд, нишон медиҳад, бештари аксҳои занон дар сартарошхонаҳо рангубор шудаанд.
Бо омадани толибон бар сари қудрат ба Афғонистон дар рӯзи 15-уми август онҳо дар манотиқи мухталиф маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кардаанд. Ин гурӯҳ бисёре аз фаъолиятҳоро ғайриисломӣ хондаву мутаваққиф кард.
Аксари маҳдудиятҳое, ки ин гурӯҳ ҷорӣ кардааст, бар зидди занонанд.
Илова бар ин Толибон Вазорати умури занонро аз кобинаи ҳукумати муваққати худ хориҷ карда, ба ҷои он Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро таъсис доданд. Бо таъсиси ин вазорат занон аз ҳаққи кор дар идораҳои мухталифи давлатӣ маҳрум шуданд.