Аз Golden Tajik то Чилаев: дурахши муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи бонуфузе дар Маскав

© Фото : Фото из личного архива Сахиба УсароваТаджикский боксер Сахиб Усаров
Таджикский боксер Сахиб Усаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Варзишгарони Тоҷикистон тамошобинони мусобиқаи бокси касбиро дар ҳайрат гузоштанд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи "Shamo Boxing Promotions 66" чанд пирӯзӣ ба даст оварданд.
Мусобиқа як рӯз қабл дар маҷмаи варзишии "Крылья Советов"-и Москва барпо гардид.
Барои мухлисони бокс "Shamo Boxing Promotions 66" як рӯйдоди муҳим буд, зеро баъди чаҳор сол бори аввал Соҳиб Усаров, мулаққаб ба Golden Tajik (Тоҷики тиллоӣ) ба ринг баромад.
Рақиби ин варзишгар дар вазни 55 кг варзишгари ӯзбек Бахит Абдураҳимов буд.
Мубориза тезутунд ва тамошобоб гузашт. Усаров исбот кард, ки баъди танаффуси дуру дароз маҳорати худро гум накарда, кордони соҳаи худ мондааст.
Натиҷаи ин ғалаба бар Абдураҳимов бо қарори якдилонаи доварон дода шуд.
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Тоҷики Тилоӣ пас аз танаффуси чаҳорсола ба майдон бармегардад
Муштзанҳои дигар, ки Тоҷикистонро дар "Shamo Boxing Promotions 66" намояндагӣ мекарданд, низ натиҷаҳои хуб нишон доданд.
Ҳамин тавр Давлат Болтаев дар вазни 91 кг бар рақибаш Аҳмад Мамадҷонов аз Ӯзбекистон пирӯз шуд. Мубориза дар даври якум ба охир расид.
Дар вазни 59 кг кишварро Шаҳриёр Аҳмадов намояндагӣ кард. Рақиби ӯ низ шаҳрванди Ӯзбекистон Шерзодбек Мамадҷонов буд. Зодаи Тоҷикистон дар даври дувум бо ҳисоби техникӣ пирӯз шуд.
Ба ҳамин тартиб Анис Чилаев дар вазни 63 кг бар Артём Айвазиди украинӣ пирӯз шуд. Муборизаи онҳо дар даври аввал анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ташкилоти "Shamo Boxing" ба ташкил ва баргузории шабҳои бокси касбӣ машғул аст. Дар ин мусобиқа ҳам муштзанҳои навкор ва ҳам чемпионҳои чандингона ба ринг мебароянд.
Лентаи хабарҳо
0