https://sputnik.tj/20211220/bozdosht-javonon-tahqiri-dukhtaron-navras-dushanbe-1044263662.html
Боздошти ҷавононе, ки дар таҳқири духтарони наврас дар Душанбе айбдор мешаванд
Боздошти ҷавононе, ки дар таҳқири духтарони наврас дар Душанбе айбдор мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе мегӯянд, мардоне, ки ба иддаои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар латукӯби ду духтари наврас дар пойтахт, даст доранд... 20.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-20T12:55+0500
2021-12-20T12:55+0500
2021-12-20T13:00+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҷавон
духтарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/17/1031623414_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_034f8e31734bbe24f54d4ccf630f9b39.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Афроде, ки аксашон рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданду ба гуфтаи ноширон ду духтари наврасро маркази Душанбе латукӯб кардаанд, дар идораи милиса қарор доранд. Дар ин бора Муҳсинҷон Муҳаммадӣ, сухангӯи раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе хабар дода, афзуд, ки тафсилоти бештар баъди таҳқиқи ҳодиса ироа хоҳад шуд. Маврид ба зикр аст, ки Шаҳноза Комилзода, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо нашри акси чанд ҷавон, изҳор дошт, ки се нафар баъди зуҳри 19 декабр ду духтари 15-соларо, ки яке духтараш мебошад, дашному латукӯб кардаанд. Таъкид шудааст, ки ҷавонон телефону сумкаи духтаронро гирифта, онҳоро таҳқир кардаанд. Ба навиштаи Комилзода, таҳқири наврасон дар маркази шаҳри Душанбе аз назди бинои дармонгоҳи рақами 1 то назди идораи сабту раводид, мавсум ба "ОВИР" идома ёфтааст, вале касе аз роҳгузарон вокуниш нишон надодааст. Назари худи муттаҳамон феълан дар бораи ин қазия маълум нест. Мақомоти умури дохилии Душанбе мегӯянд, феълан таҳиқи ҳодиса идома дорад.
https://sputnik.tj/20211218/bozdoshti-direktori-shirkat-dukhtaron-dashnom-1044239402.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/17/1031623414_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_0366a0e2e1e9246b2d3e7e3c5ff500dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҷавон, духтарон
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҷавон, духтарон
Боздошти ҷавононе, ки дар таҳқири духтарони наврас дар Душанбе айбдор мешаванд
12:55 20.12.2021 (Навсозишуда: 13:00 20.12.2021) Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе мегӯянд, мардоне, ки ба иддаои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар латукӯби ду духтари наврас дар пойтахт, даст доранд, муайяну ба идораи милиса дастрас карда шуданд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Афроде, ки аксашон рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданду ба гуфтаи ноширон ду духтари наврасро маркази Душанбе латукӯб кардаанд, дар идораи милиса қарор доранд.
Дар ин бора Муҳсинҷон Муҳаммадӣ, сухангӯи раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе хабар дода, афзуд, ки тафсилоти бештар баъди таҳқиқи ҳодиса ироа хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Шаҳноза Комилзода, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо нашри акси чанд ҷавон, изҳор дошт, ки се нафар баъди зуҳри 19 декабр ду духтари 15-соларо, ки яке духтараш мебошад, дашному латукӯб кардаанд.
Таъкид шудааст, ки ҷавонон телефону сумкаи духтаронро гирифта, онҳоро таҳқир кардаанд.
Ба навиштаи Комилзода, таҳқири наврасон дар маркази шаҳри Душанбе аз назди бинои дармонгоҳи рақами 1 то назди идораи сабту раводид, мавсум ба "ОВИР" идома ёфтааст, вале касе аз роҳгузарон вокуниш нишон надодааст.
Назари худи муттаҳамон феълан дар бораи ин қазия маълум нест.
Мақомоти умури дохилии Душанбе мегӯянд, феълан таҳиқи ҳодиса идома дорад.