Зодрӯзи Давлатов ва Мансуров: 20 декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 20 декабря
День 20 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Бистуми декабр ҳамчун Рӯзи ҳамбастагии одамон ҷашн гирифта мешавад

Муҳимтарин рӯйдодҳои 20 декабр дар ҷаҳон

Соли 1974 Эфиопия ҳамчун кишвари сотсиалистӣ эълон шуд.
Соли 1993 Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфт.
Соли 1879 Томас Эдисон аввалин маротиба кори лампаи сӯзишвориро нишон дод.

Муҳимтарин рӯйдодҳои 20 декабр дар Тоҷикистон

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Москваи Русия сафар кард.
Соли 2009 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масоили вобаста ба вазъи вақти минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Ваҳдат”-и пойтахт бо намояндагони сершумори варзишгарони мамлакат мулоқот намуд..
Соли 2012 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба "Соли варзиш ва тарзи солими зиндагӣ дар фазои ИДМ" намоишгоҳи суратҳо баргузор гардид.
© Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека Таджикистана
Национальная библиотека Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Национальная библиотека Таджикистана
Соли 2016 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳгонаи беҳтарини варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2017-ро эълон намуд. Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода варзишгари беҳтарин ҳисобида шуд.
© Фото : Международная федерация самбо (ФИАС)Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото
Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото
Соли 2017 дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои 20 декабр

Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии одамон;
Дар Панама – Рӯзи мотам;
Дар Русия, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

Бистуми декабр кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1915 – пизишки ҳайвонот, ходими давлатӣ, академики Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Алиев;
Соли 1924 – доктори илмҳои тиб, ходими хидматнишондодаи Тоҷикистон, профессор Саъдиниссо Ҳакимова;
Соли 1925 – олими тиб, нахустин мудири Институти гастроэнтерологии Академияи илмҳои ҶТ академик Ҳомид Мансуров;
Солҳои (1931-2011)– академик Ҳайдар Чумонқулов;
Соли 1933 – нависанда, муаллифи китобҳои "Каменный мост", "Под синим небом", "Эхо" Бобо Насриддинов;
Солм 1945 –Шоири халқӣ Сафармухаммад Аюбӣ;
Соли 1948 – ихтироъкор Абдуқаҳҳор Раҳимов;
Соли 1958 – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатов;
Соли - пизишки ҷарроҳ Убайдулло Қурбонов;
Соли 1965 – рӯзноманигор Зоиршо Шарифзода;
Соли 1967 – ҳунарманд Ҷобиршо Хубоншоев.
Лентаи хабарҳо
0