https://sputnik.tj/20211219/tolibon-amriko-hamkori-nizomi-1044246822.html
Толибон намехоҳанд бо Амрико ҳамкории низомӣ дошта бошанд
Толибон намехоҳанд бо Амрико ҳамкории низомӣ дошта бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Толибон мегӯянд, аз Амрико танҳо кумаки башардӯстона қабул мекунанду халос ва ҳич гуна ҳамкории низомӣ бо ин давлатро намехоҳанд 19.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-19T09:30+0500
2021-12-19T09:30+0500
2021-12-20T17:59+0500
амният ва мудофиа
амрико
афғонистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013541_0:0:3499:1969_1920x0_80_0_0_6e26230e23d947e5c3b59313e680777d.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Толибон имкони ҳамкорӣ бо ИМА дар арсаи низомиро истисно мекунад. Дар ин бора Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси кобинаи муваққати ин кишвар хабар дод. Дар ҳамин ҳол Ҷейк Салливан, ёвари раисҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллии Амрико рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки мақомоти Амрико омодаанд, ба мардуми Афғонистон кумаки башардӯстона расонанд, аммо аз Толибон тақозо мекунанд, ки як зумра уҳдадориҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризмро иҷро кунанд.Пас аз эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳаш аз Афғонистон дар баҳори имсол Толибон амалиёти густурдаеро барои барқарории назорат бар ин кишвар оғоз карданд. Рӯзи 15-уми август ҷангиёни толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.Дар авоили моҳи сентябр низомиёни амрикоӣ Афғонистонро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи худ дар он ҷо хотима доданд. Толибон рӯзи ҳафтуми сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол ягон давлат онро ба расмият нашинохтааст.
https://sputnik.tj/20211215/nim-million-dollaru-vaksinai-korona-kumaki-amriko-afghoniston-1044173214.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013541_202:0:2933:2048_1920x0_80_0_0_3be6aaad5364a7cdc86f6f8cf18feda1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният ва мудофиа, амрико, афғонистон, толибон
амният ва мудофиа, амрико, афғонистон, толибон
Толибон намехоҳанд бо Амрико ҳамкории низомӣ дошта бошанд
09:30 19.12.2021 (Навсозишуда: 17:59 20.12.2021) Толибон мегӯянд, аз Амрико танҳо кумаки башардӯстона қабул мекунанду халос ва ҳич гуна ҳамкории низомӣ бо ин давлатро намехоҳанд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Толибон имкони ҳамкорӣ бо ИМА дар арсаи низомиро истисно мекунад. Дар ин бора Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси кобинаи муваққати ин кишвар хабар дод.
"Амрикоиҳо мебинанд, ки мардуми Афғонистон бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, аммо онҳо то ҳол ба муҳосираи захираҳои давлатии ин кишвар идома медиҳанд. Мо ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳем, ки бо ин кишвар дар арсаи низомӣ ҳамкорӣ дошта бошем", - афзуд Ҳанафӣ.
Дар ҳамин ҳол Ҷейк Салливан, ёвари раисҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллии Амрико рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки мақомоти Амрико омодаанд, ба мардуми Афғонистон кумаки башардӯстона расонанд, аммо аз Толибон тақозо мекунанд, ки як зумра уҳдадориҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризмро иҷро кунанд.
Пас аз эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳаш аз Афғонистон дар баҳори имсол Толибон амалиёти густурдаеро барои барқарории назорат бар ин кишвар оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август ҷангиёни толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Дар авоили моҳи сентябр низомиёни амрикоӣ Афғонистонро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи худ дар он ҷо хотима доданд.
Толибон рӯзи ҳафтуми сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол ягон давлат онро ба расмият нашинохтааст.