https://sputnik.tj/20211219/qirghiziston-tabibon-muhojir-bargardonad-tojikiston-chi-1044250925.html
Ҷабборов қасд дорад, табибони муҳоҷирро баргардонад: Тоҷикистон чӣ?
Ҷабборов қасд дорад, табибони муҳоҷирро баргардонад: Тоҷикистон чӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Танҳо аз ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон дасти кам 23 корманди тиб ба муҳоҷират ратанд. Ҳоло ин ноҳия ба камбуди пизишкон рӯбарӯст
2021-12-19T14:30+0500
2021-12-19T14:30+0500
2021-12-20T19:03+0500
қирғизистон
тандурустӣ
осиёи марказӣ
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042306551_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_ba606f192ad15571dcb3b4be33338a84.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов ваъда додааст, ки маоши кормандони бахши тандурустиро боло мебарад ва ба ҳамин усул табибонеро, ки қаблан ба муҳоҷират рафтаанд, бармегардонад. Ӯ аз ин тасмимаш зимни боздид аз бемористони ноҳияи Ҷалолобод хабар дод.Президент ҳамчунин аз нарасидани кадрҳои тиббӣ, бахусус нарасидани табибони оилавӣ дар деҳот ҳарф зад. Аксари онҳо ба сабаби кам будани маош ба хориҷа рафтаанд. "Ҳукумат нақша дорад, ки маошро боз ҳам бештар гардонад, то афроди аз Ватан берунрафтаро баргарданд. Соли оянда дар назар аст, ки маоши кормандони бахши буҷавӣ, аз ҷумла табибон афзоиш ёбад", - афзуд ӯ.Дар Тоҷикистон ҳам теъдоди зиёди табибони варзида ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба дигар давлатҳо кӯчиданд.Танҳо аз ноҳияи Қубодиён 23 корманди тиб ба муҳоҷират рафтааст ва ҳоло ин ноҳия ба камбуди табибон рӯ ба рӯ шудааст.
https://sputnik.tj/20211216/qubodiyon-kormand-tib-muhojirat-1044198663.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042306551_184:0:2001:1363_1920x0_80_0_0_0c70badd0d4c54a53e62645e05a89682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон табибон
Ҷабборов қасд дорад, табибони муҳоҷирро баргардонад: Тоҷикистон чӣ?
14:30 19.12.2021 (Навсозишуда: 19:03 20.12.2021) Имсол танҳо аз ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон дастикам 23 корманди тиб ба муҳоҷират рафт. Ҳоло ин ноҳия ба камбуди пизишкон рӯ ба рӯст
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов ваъда додааст, ки маоши кормандони бахши тандурустиро боло мебарад ва ба ҳамин усул табибонеро, ки қаблан ба муҳоҷират рафтаанд, бармегардонад. Ӯ аз ин тасмимаш зимни боздид аз бемористони ноҳияи Ҷалолобод хабар дод.
"Албатта, мехоҳам ҳама чизро зуд, дар як лаҳза анҷом диҳам, аммо имрӯз чунин имкон вуҷуд надорад. Дар тӯли 10 соли охир мо ба ақиб рафтем, ҳоло моро мешавад, ба кӯдаке монанд кард, ки нав дар роҳ қадам мезанад, аммо моро ояндаи хуб интизор аст", - ваъда додааст Ҷабборов.
Президент ҳамчунин аз нарасидани кадрҳои тиббӣ, бахусус нарасидани табибони оилавӣ дар деҳот ҳарф зад. Аксари онҳо ба сабаби кам будани маош ба хориҷа рафтаанд.
"Ҳукумат нақша дорад, ки маошро боз ҳам бештар гардонад, то афроди аз Ватан берунрафтаро баргарданд. Соли оянда дар назар аст, ки маоши кормандони бахши буҷавӣ, аз ҷумла табибон афзоиш ёбад", - афзуд ӯ.
Дар Тоҷикистон ҳам теъдоди зиёди табибони варзида ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба дигар давлатҳо кӯчиданд.
Танҳо аз ноҳияи Қубодиён 23 корманди тиб ба муҳоҷират рафтааст ва ҳоло ин ноҳия ба камбуди табибон рӯ ба рӯ шудааст.