ВУХ овозаҳо дар бораи паноҳандагони тоҷик дар марзи Беларусро рад кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСитуация на белорусско-польской границе
Ситуация на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон овозаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи он ки шаҳрвандони тоҷик бо қатораи махсус аз Белорусия ба Полша ворид мешаванд, рад кард
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, сарусадоҳо дар бораи ҳузури паноҳҷӯёни тоҷик дар марзи Беларус воқеият надоранд.
Раёсати иттилоот ҳамчунин хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҷамъ шудани муҳоҷирони тоҷик ва эҳтимоли интиқоли онҳо ба кишварҳои Аврупоро рад кард.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилое пайдо шуда буд, ки гӯё паноҳҷӯёни тоҷик рӯзи 18-уми декабр маҷбур буданд, вориди шаҳри Гродно, воқеъ дар 15-километрии марзи Беларус бо Лаҳистон ва 30-километрии марзи ин кишвар бо Литва шаванд.
Беженцы на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Як гурӯҳи муҳоҷирон аз Беларус ба Лаҳистон гузашт
Илова бар ин номаи "расмӣ"-и раиси Роҳи оҳани Беларус Владимир Морозов ба номи раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Гродно Мечислав Гой низ расонаӣ шуда буд, ки дар он гуфта мешавад, қатора бо 243 шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба истгоҳи Гродно биёяд.
Сафорати Тоҷикистон дар Минск дар робита ба ин далел бо шуъбаҳои дахлдори Беларус дар тамос шудааст, аммо ин хабар таъйид нашудааст.

"Роҳи оҳани Беларус" ба Кумитаи иҷроияи шаҳри Гродно чунин нома ирсол накардааст", - гуфт хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ёдовар мешавем, аз моҳи ноябри соли ҷорӣ дар наздикии марзи Беларус ва Лаҳистон гурӯҳе аз муҳоҷирон таҷаммуъ карданд, ки шумори онҳо беш аз 2 ҳазор нафар гуфта мешуд. Онҳо кӯшиш карданд, ки марзро рахна кунанд, аммо ин кӯшишро нерӯҳои амниятии Лаҳистон бо кумаки техникаи вижа боздоштанд.
Ҳоло дар Беларус як маркази нақлиётию логистикӣ барои ҷойгир кардани муҳоҷирон омода шудааст ва бархе аз муҳоҷирон ба Ватан бармегарданд.
Лентаи хабарҳо
0