Франсуа Шаплен дар Душанбе ҳунарнамоӣ мекунад

CC0 / Pixabay / Синтезатор, архивное фото
Синтезатор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Обуна шудан
Пианиннавози фаронсавӣ, ки ба даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон ворид аст, дар шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Франсуа Шаплен, пианинонавози маъруфи ҷаҳонӣ барои намоиши консерт ба пойтахти Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳунарнамоии Шаплен дар театри мазкур моҳи марти соли 2022 дар назар аст.
"Шаплен аз беҳтарин иҷрокунандаҳои оҳангҳои Дебюсси, Шопен, Брамс, Шуман, Скрябин буда, импрессионисти беҳамтои олами мусиқӣ эътироф шудааст", - афзуд дафтари матбуотии театр.
Звезда мирового балета Фаррух Рузиматов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
“Рӯйдоди таърихӣ”: Фаррух Рӯзиматов, ситораи ҷаҳонии балет ба Ватан баргашт
Консерт сеюми март дар назар аст, аммо ҳанӯз билетҳо барои фурӯш дар нуқтаҳои чиптафурӯшии театр пешниҳод нашудаанд. Дафтари матбуотии театр изҳор дошт, ки фурӯши билетҳо бо наздик омадани рӯзи ҳунарнамоӣ роҳандозӣ мешавад.
Сафари ҳунарии Франсуа Шаплен бо дастгирии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Театри давлатии опера ва балет баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Шоплен яке аз даҳгонаи беҳтарин пианинонавозони ҷаҳонӣ, хатмкардаи Консерваторияи миллии олиии Париж мебошад.
Ӯ феълан яке аз ҳунармандони серталаби ҷаҳонӣ буда, дар ҳайати орекстрҳои машҳур, аз ҷумла Орекстри симфонии ба номи Д. Д. Шостакович, Орекстри миллии Лиля, Орекстри филармонии Ҷопон, Ансамбли парижии Оркестрал, Оркестри Колонн ва ғайра ҳунарнамоӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0