https://sputnik.tj/20211218/ovozkhoni-tojik-golos-piruzi-1044242979.html
Чӣ гуна овозхони тоҷик дар даври навбатии барномаи "Голос" пирӯз шуд: видео
Чӣ гуна овозхони тоҷик дар даври навбатии барномаи "Голос" пирӯз шуд: видео
Sputnik Тоҷикистон
Сарояндаи тоҷик Илҳом Тагиров дар марҳилаи навбатии шоуи "Голос" пирӯз шуд
2021-12-18T18:40+0500
2021-12-18T18:40+0500
2021-12-20T16:55+0500
видео
дар тоҷикистон
фарҳанг
tajikistan style
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/12/1044236025_115:0:1125:568_1920x0_80_0_0_9af22a06ed5b454112d635ace2964de7.png
Тагиров пас аз иҷрои композитсияи "Love is a Temple" дар даври чаҳорякниҳоии озмуни овозхонӣ дар телевизиони Русия таассуроти худро нақл карда, ҳолати худро "бурузи эҳсосот" номид. Дар ҳамин ҳол эҳсос мешуд, ки сарояндаи тоҷик аз пирӯзии худ шод шудааст. Ба гуфтаи ӯ, "ин рақобат ҳамеша ҷойи шубҳа аст". Ба суоли хабарнигор, ки кадоме аз шумо ба даври ниҳоӣ роҳ меёбед, Тагиров ва Садирбоев бо табассум посух доданд, ки инро тамошобинон ҳал мекунанд. Ёдовар мешавем, дар ин марҳила се шогирдӣ аз ҳар мураббӣ баромад карданд. Танҳо ду овозхон тавонистанд ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбанд.Интихоб аз рӯи ҷамъи овозҳои тамошобинон ва фоизе, ки мураббӣ ба шогирдони худ таъйин кардааст, сурат гирифт.Дима Билан ба ҷонибдорӣ аз шогирдонаш ба ин тарз имтиёз дод: ба Тагиров 30, ба овозхони Қазоқистон Ернар Садирбоев 50 ва ба сарояндае аз Челябинск Юлия Курганова 20 дарсад имтиёз додааст.Донандаи 4 забону овозхони фитрӣ: Илҳом Тагиров, ки доварони "Голос"-ро тасхир кард, кист?Аммо пас аз эълони натоиҷи овоздиҳии тамошобинон Садирбоев бо касби бештари ороъ (89,2) ҷои аввал ва Тагиров ҷои дуюмро (70,3) гирифт.Юлия 40,5 фоиз имтиёз гирифт ва тибқи шартҳои озмун аз лоиҳа хориҷ шуд.Бояд гуфт, тамошобинон ба ҳунарманди Тоҷикистон бартарӣ дода, ба ӯ бештар овоз доданд."Ҷуръат гирифтани ин асари Бионди кардан як амали ҷиддӣ буд. Шумо аз уҳдааш баромадед, ин олиҷаноб аст", - гуфт оҳангсози машҳур.Ёдовар мешавем, ситораи нави барҷастаи лоиҳаи ҷашнии 10-солагии "Голос" Илҳом Тагиров аз Тоҷикистон аст.Баромади мафтункунандаи Тагиров дар озмуни "Голос" тамошобинонро ба ваҷд овард: видеоДар марҳилаи интихобӣ ҳунарманди 27-сола тавонист таваҷҷуҳи ҳамаи аъзои ҳакамони бонуфузро ба худ ҷалб кунад.Александр Градский, Дима Билан, Пелагея, Леонид Агутин барои ба дастаи худ даровардани Илҳом мубориза бурданд, вале сарояндаи ҷавон интихоби худро кард ва Биланро, ки аз ҷиҳати руҳия ва услуб наздик буд, афзалтар донист.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/12/1044236025_368:0:1125:568_1920x0_80_0_0_4f7f1de82bc401fbf5f8670cff534b93.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"голос", озмун, тагиров, фарҳанг, русия, тоҷикистон
"голос", озмун, тагиров, фарҳанг, русия, тоҷикистон
Чӣ гуна овозхони тоҷик дар даври навбатии барномаи "Голос" пирӯз шуд: видео
18:40 18.12.2021 (Навсозишуда: 16:55 20.12.2021) Сарояндаи тоҷик Илҳом Тагиров дар марҳилаи навбатии шоуи "Голос" пирӯз шуд
Тагиров пас аз иҷрои композитсияи "Love is a Temple" дар даври чаҳорякниҳоии озмуни овозхонӣ дар телевизиони Русия таассуроти худро нақл карда, ҳолати худро "бурузи эҳсосот" номид.
"Ману Ернар ҳанӯз дарк накардаем, ки мо ба даври дигар гузаштем ва дар пеш кору масъулияти боз ҳам зиёдтар аст, мо нав ба худ меоем", - гуфт Тагиров.
Дар ҳамин ҳол эҳсос мешуд, ки сарояндаи тоҷик аз пирӯзии худ шод шудааст. Ба гуфтаи ӯ, "ин рақобат ҳамеша ҷойи шубҳа аст".
"Дар даста аъзои хеле қавӣ ҳастанд, мо ҳама як тими дӯстона ҳастем ва баъзан ҳатто каме хурсанд мешавад, агар дӯстатон гузарад, на худатон. Ба ҳар сурат натиҷаро пешакӣ пешгӯӣ кардан мумкин нест", - гуфт Тагиров.
Ба суоли хабарнигор, ки кадоме аз шумо ба даври ниҳоӣ роҳ меёбед, Тагиров ва Садирбоев бо табассум посух доданд, ки инро тамошобинон ҳал мекунанд.
Ёдовар мешавем, дар ин марҳила се шогирдӣ аз ҳар мураббӣ баромад карданд. Танҳо ду овозхон тавонистанд ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбанд.
Интихоб аз рӯи ҷамъи овозҳои тамошобинон ва фоизе, ки мураббӣ ба шогирдони худ таъйин кардааст, сурат гирифт.
Дима Билан ба ҷонибдорӣ аз шогирдонаш ба ин тарз имтиёз дод: ба Тагиров 30, ба овозхони Қазоқистон Ернар Садирбоев 50 ва ба сарояндае аз Челябинск Юлия Курганова 20 дарсад имтиёз додааст.
Аммо пас аз эълони натоиҷи овоздиҳии тамошобинон Садирбоев бо касби бештари ороъ (89,2) ҷои аввал ва Тагиров ҷои дуюмро (70,3) гирифт.
Юлия 40,5 фоиз имтиёз гирифт ва тибқи шартҳои озмун аз лоиҳа хориҷ шуд.
Бояд гуфт, тамошобинон ба ҳунарманди Тоҷикистон бартарӣ дода, ба ӯ бештар овоз доданд.
"Ҷуръат гирифтани ин асари Бионди кардан як амали ҷиддӣ буд. Шумо аз уҳдааш баромадед, ин олиҷаноб аст", - гуфт оҳангсози машҳур.
Ёдовар мешавем, ситораи нави барҷастаи лоиҳаи ҷашнии 10-солагии "Голос" Илҳом Тагиров аз Тоҷикистон аст.
Дар марҳилаи интихобӣ ҳунарманди 27-сола тавонист таваҷҷуҳи ҳамаи аъзои ҳакамони бонуфузро ба худ ҷалб кунад.
Александр Градский, Дима Билан, Пелагея, Леонид Агутин барои ба дастаи худ даровардани Илҳом мубориза бурданд, вале сарояндаи ҷавон интихоби худро кард ва Биланро, ки аз ҷиҳати руҳия ва услуб наздик буд, афзалтар донист.