https://sputnik.tj/20211218/baromadi-tagirov-golos-tamosho-vajd-1044240009.html
Баромади мафтункунандаи Тагиров дар озмуни "Голос" тамошобинонро ба ваҷд овард: видео
Баромади мафтункунандаи Тагиров дар озмуни "Голос" тамошобинонро ба ваҷд овард: видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарманди тоҷик Илҳом Тагиров бо пуштибонии тамошобинон дар даври чаҳорякфинали озмуни "Голос" пирӯз шуд 18.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-18T15:00+0500
2021-12-18T15:00+0500
2021-12-18T15:02+0500
видео
дар тоҷикистон
фарҳанг
пирӯз
ҷавони тоҷик
овозхон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/12/1044235935_59:0:1071:569_1920x0_80_0_0_68dba716981322642e91a47ef6cf50e1.png
Тагиров таронаи машҳури Марио Бионди Love is a Temple - ро суруд. Суруди Love is a Temple - яке аз маъруфтарин таронаи итолиёвӣ аст, ки ӯро инчунин Барри Уайти Аврупо меноманд.Илҳом Тагиров пеш аз он ки бори дигар ба саҳна барояд, каме сирри баромади дар пешистодаро кушод.Ёдовар мешавем, ки дар ин марҳила аз ҳар мураббӣ се нафар ҳунарпешагон баромад карданд. Танҳо ду овозхон тавонистанд ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбанд. Интихоб аз рӯи ҷамъи овозҳои тамошобинон ва фоизе, ки мураббӣ ба шогирдони худ таъин кардааст, сурат гирифт.Дима Билан овози худро ба таври зерин ба шогирдонаш тақсим кард. Ӯ ба Тагиров 30, ба овозхони Қазоқистон Ернар Садирбоев 50 ва ба сароянда аз Челябинск Юлия Курганова 20 дарсад имтиёз додааст.Донандаи 4 забону овозхони фитрӣ: Илҳом Тагиров, ки доварони "Голос"-ро тасхир кард, кист?Аммо пас аз эълони натоиҷи овоздиҳии тамошобинон Садирбоев аз ҳама бештар (89,2), Тагиров ҷои дуюмро (70,3) гирифтанд.Юлия 40,5 фоиз гирфт ва тибқи шартҳои озмун аз лоиҳа хориҷ шуд. Бояд гуфт, ки тамошобинон ба ҳунарманди Тоҷикистон бартарӣ дода, ба ӯ бештар овоз додаанд.Инчунин, мураббии гуруҳи дигари сарояндагон, навозанда Леонид Агутин фикрашро баён кард."Ҷуръат кардан ба гирифтани ин асари Бионди як амали ҷиддӣ буд. Шумо аз уҳдааш баромадед, ин олиҷаноб аст", - гуфт оҳангсози машҳур.Ёдовар мешавем, ки ситораи нави барҷастаи лоиҳаи ҷашнии 10-солагии "Голос" Илҳом Тагиров аз Тоҷикистон аст. Дар марҳилаи интихобӣ ҳунарманди 27-сола тавонист таваҷҷуҳи ҳамаи аъзои ҳакамони бонуфузро ба худ ҷалб кунад. Александр Градский, Дима Билан, Пелагея, Леонид Агутин барои ба дастаи худ даровардани Илҳом мубориза бурданд, вале сарояндаи ҷавон интихоби худро кард ва Биланро, ки аз ҷиҳати руҳия ва услуб наздик буд, афзалтар донист.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/12/1044235935_185:0:944:569_1920x0_80_0_0_d27aa12b9aee0437ecee62e829819074.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, дар тоҷикистон, фарҳанг, пирӯз, ҷавони тоҷик, овозхон, видео
видео, дар тоҷикистон, фарҳанг, пирӯз, ҷавони тоҷик, овозхон, видео
Баромади мафтункунандаи Тагиров дар озмуни "Голос" тамошобинонро ба ваҷд овард: видео
15:00 18.12.2021 (Навсозишуда: 15:02 18.12.2021) Ҳунарманди тоҷик Илҳом Тагиров бо пуштибонии тамошобинон дар даври чаҳорякфинали озмуни "Голос" пирӯз шуд
Тагиров таронаи машҳури Марио Бионди Love is a Temple - ро суруд. Суруди Love is a Temple - яке аз маъруфтарин таронаи итолиёвӣ аст, ки ӯро инчунин Барри Уайти Аврупо меноманд.
Илҳом Тагиров пеш аз он ки бори дигар ба саҳна барояд, каме сирри баромади дар пешистодаро кушод.
"Дима барои ман таронаеро интихоб кард, ки сатҳ ва ҳам имконоти овозамро ба таври зебо ифшо мекунад. Тарона ба забони англисӣ аст, фикр мекунам, ки ба ҳама писанд меояд - ин як сюрприз хоҳад буд", - гуфт сарояндаи тоҷик.
Ёдовар мешавем, ки дар ин марҳила аз ҳар мураббӣ се нафар ҳунарпешагон баромад карданд. Танҳо ду овозхон тавонистанд ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбанд.
Интихоб аз рӯи ҷамъи овозҳои тамошобинон ва фоизе, ки мураббӣ ба шогирдони худ таъин кардааст, сурат гирифт.
Дима Билан овози худро ба таври зерин ба шогирдонаш тақсим кард. Ӯ ба Тагиров 30, ба овозхони Қазоқистон Ернар Садирбоев 50 ва ба сароянда аз Челябинск Юлия Курганова 20 дарсад имтиёз додааст.
Аммо пас аз эълони натоиҷи овоздиҳии тамошобинон Садирбоев аз ҳама бештар (89,2), Тагиров ҷои дуюмро (70,3) гирифтанд.
Юлия 40,5 фоиз гирфт ва тибқи шартҳои озмун аз лоиҳа хориҷ шуд.
Бояд гуфт, ки тамошобинон ба ҳунарманди Тоҷикистон бартарӣ дода, ба ӯ бештар овоз додаанд.
"Вазифаи душвор буд, аммо бо чунин зебоии ботинӣ аз уҳдаи он баромадед! Овози шумо олиҷаноб аст, шуморо табрик мекунам", - гуфт сароянда Пелагея дар шарҳи ҳунарнамоии сарояндаи тоҷик.
Инчунин, мураббии гуруҳи дигари сарояндагон, навозанда Леонид Агутин фикрашро баён кард.
"Ҷуръат кардан ба гирифтани ин асари Бионди як амали ҷиддӣ буд. Шумо аз уҳдааш баромадед, ин олиҷаноб аст", - гуфт оҳангсози машҳур.
Ёдовар мешавем, ки ситораи нави барҷастаи лоиҳаи ҷашнии 10-солагии "Голос" Илҳом Тагиров аз Тоҷикистон аст.
Дар марҳилаи интихобӣ ҳунарманди 27-сола тавонист таваҷҷуҳи ҳамаи аъзои ҳакамони бонуфузро ба худ ҷалб кунад.
Александр Градский, Дима Билан, Пелагея, Леонид Агутин барои ба дастаи худ даровардани Илҳом мубориза бурданд, вале сарояндаи ҷавон интихоби худро кард ва Биланро, ки аз ҷиҳати руҳия ва услуб наздик буд, афзалтар донист.