Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Аломати ғайриоддии штамми омикрон ошкор шуд

© pixabayИллюстрация коронавируса
Иллюстрация коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Обуна шудан
Бар асари таҷрибаи гирифторони штамми омикрони коронавирус аломатҳои нави онро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Муҳаққиқони бритониёӣ бар асоси маълумоти корбарони замимаи худ, рӯйхати аломатҳоеро нашр карданд, ки аз гирифторӣ ба штамми омикрони коронавирус шаҳодат медиҳанд.
Ҳамин тавр, ба гуфти олимон, ин хусусиятест, ки тафовути ин штаммро аз навъҳои қаблӣ мунъакис мекунад. Аксари гирифторони штамми нав беиштиҳоиро зикр кардаанд.
Ёдовар мешавем, қаблан дарди сар, хастагию бемадорӣ, зуд-зуд атса задан, инчунин дарди шадиди гулӯ аз маъмултарин нишонаҳои омикрон гуфта мешуданд.
Муҳаққиқони бритониёӣ аз ZOE COVID Study қайд мекунанд, ки сигналҳое ба монанди дарди сар ё хастагӣ бояд беморро барои санҷиши коронавирус водор намояд.
Симуляционный центр Иркутской областной клинической больницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Бонги хатари "Роспотребнадзор": Омикрон ҷаҳонро таҳдид мекунад
Тибқи як пажуҳиши нави бузург, коронавируси мутант нисбат ба COVID бештар ба зукоми маъмулӣ монанд аст, ки бо дарди шадиди сар ва хастагии беҳад аз дигар анвои ин вирус фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин олимон қайд мекунанд, ки ҳатто шакли сабуки беморӣ штамми омикронро бехатар намекунад.
Раҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова гуфта буд, ки суръати паҳншавии штамми омикрон-коронавирус дар ҷаҳон даҳшатовар аст.
Вай кишварҳоеро мисол овард, ки ин варианти вирус дар онҳо бори аввал кашф шудааст ва он бартарият пайдо кардааст.
Мясников роҳи ягонаи пирӯзӣ бар омикронро ошкор кард
Штамми омикрон бори аввал дар қитъаи Африқо, дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ дар миёнаи моҳи ноябр кашф карда шуд.
Он бо даҳҳо мутатсия дар сафедаи S фарқ мекунад. Фарзияе вуҷуд дорад, ки ин навъи коронавирус дар организми дорои иммунитети паст - эҳтимолан сироятёфтаи ВНМО ба вуҷуд омадааст,
То 16 декабри соли 2021 навъи омикрон дар 89 кишвари ҷаҳон ошкор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0