Толибон: Барои нахустин бор буҷаи соли молии бидуни кумаки кишварҳои хориҷӣ омодааст

© Sputnik Московский формат консультаций по Афганистану
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Обуна шудан
Сухангӯи Вазорати молияи толибон гуфтааст, буҷаи молии ин кишвар нахустин бор аст, ки бидуни иттико ба кумакҳои хориҷӣ омода шудааст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Сухангӯи Вазорати молияи толибон Аҳмад Валӣ Ҳақмал гуфт, буҷаи соли ояндаи молӣ омодааст ва ба зудӣ тасвиб хоҳад шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир буҷаи оддӣ аз ҷониби ҳукумат тамвил мешавад.
Сухангӯи Вазорати молия гуфт, ки қарор аст, пас аз тартиби ниҳоӣ шудан ба раёсати вузаро рафта ва аз сӯи кобина тасвиб хоҳад шуд.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Дар Тоҷикистон бештар аз нақшаи пешбинишуда ба буҷа маблағ ворид кардаанд
Ин мансабдори толибҳо эълом кардааст, ки то пеш аз тамом шудани сол ин гурӯҳ маошҳои моҳҳои сунбула ва мизонро пардохт хоҳад кард.
Вазорати молияи толибон қаблан гуфта буд, ки маоши думоҳаи кормандони давлатиро пардохт хоҳанд кард, аммо то ҳол чорае дар ин бора андешида нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0