https://sputnik.tj/20211217/tojikiston-stirohat-sard-intizor-1044228622.html
Тоҷикистониёнро рӯзҳои истироҳатии сард интизор аст
Тоҷикистониёнро рӯзҳои истироҳатии сард интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, рӯзҳои истироҳатӣ сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистонро ҳавои сард интизор аст
2021-12-17T19:40+0500
2021-12-17T19:40+0500
2021-12-17T22:22+0500
дар тоҷикистон
пешгӯӣ
обу ҳаво
сардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/78/1031037891_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_95e422d2739226981ed2b89e60160350.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои истироҳати кишвар сард мешавад.Ҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ 18 декабр ҳавои нимаабрӣ пешгӯӣ карда, вазиши бодро бо суръати на бештар аз 6-8 м/с пешгӯӣ мекунанд. Сокинони пойтахтро бошад, ҳавои гарм интизор аст.Тибқи ин пешгӯӣ, рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳаво рӯзона то 12-14 дараҷа гарм мешавад, дар ҳоле ки шабона, тавре ки мебоист дар фасли зимистон бошад, 1-3 дараҷа сардӣ дар назар аст.Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ шабона ҳаво хунук мешавад, сардӣ то 6 дараҷа мерасад ва рӯзона сокинонро ҳавои гарм интизор аст - ҳароратсанҷ то 16 дараҷа гармиро нишон медиҳад. Ҳавосанҷон аз фарорасии сармои 30-дараҷаӣ ба Тоҷикистон гуфтандРӯзи якшанбе дар баъзе ноҳияҳо ҳавои боронӣ дар назар аст.Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавошиносон сармои шадидро пешгӯӣ кардаанд. Рӯзҳои истироҳат дар ин ҷо шабона то 27 дараҷа сардӣ дар назар буда, пагоҳӣ дар ҷойҳо то 0 ва дар баъзе навоҳӣ то 5 дараҷа гарм мешавад. Боришот дар ин минтақа пешгӯӣ намешавад.Дар Хоруғ, тибқи пешгӯӣ, ҳаво нимаабрию бебориш мешавад, вале туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва баъзан то 10-15 метр дар як сония мевазад, ҳарорати ҳаво дар вилоят шабона 6-8 хунук ва рӯзона 0-2 дараҷа гарм мешавад.Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад будСокинони вилояти Суғдро ҳавои нимаабрӣ интизор аст, ҳавошиносон бориш пешгӯӣ намекунанд, вале дар ин минтақа тумани ғафс мефарояд. Ҳарорат шабона 1-3 хунук, рӯзона 8-10 гарм мешавад. Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, шабона дар кӯҳистон ҳаво то 12 дараҷа сард мешавад.Дар Бохтар ва Кӯлоб ҳавои хеле гарм дар назар аст. Рӯзи шанбе, 18 декабр ҳаво то 12 ва рӯзи якшанбе то 19 дараҷа гарм мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/78/1031037891_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_377586673b545e21bc17eea9ea489897.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
обу ҳаво, сардӣ, тоҷикистон
обу ҳаво, сардӣ, тоҷикистон
Тоҷикистониёнро рӯзҳои истироҳатии сард интизор аст
19:40 17.12.2021 (Навсозишуда: 22:22 17.12.2021) Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, рӯзҳои истироҳатӣ сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистонро ҳавои сард интизор аст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои истироҳати кишвар сард мешавад.
Ҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ 18 декабр ҳавои нимаабрӣ пешгӯӣ карда, вазиши бодро бо суръати на бештар аз 6-8 м/с пешгӯӣ мекунанд. Сокинони пойтахтро бошад, ҳавои гарм интизор аст.
Тибқи ин пешгӯӣ, рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳаво рӯзона то 12-14 дараҷа гарм мешавад, дар ҳоле ки шабона, тавре ки мебоист дар фасли зимистон бошад, 1-3 дараҷа сардӣ дар назар аст.
Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ шабона ҳаво хунук мешавад, сардӣ то 6 дараҷа мерасад ва рӯзона сокинонро ҳавои гарм интизор аст - ҳароратсанҷ то 16 дараҷа гармиро нишон медиҳад.
Рӯзи якшанбе дар баъзе ноҳияҳо ҳавои боронӣ дар назар аст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавошиносон сармои шадидро пешгӯӣ кардаанд.
Рӯзҳои истироҳат дар ин ҷо шабона то 27 дараҷа сардӣ дар назар буда, пагоҳӣ дар ҷойҳо то 0 ва дар баъзе навоҳӣ то 5 дараҷа гарм мешавад. Боришот дар ин минтақа пешгӯӣ намешавад.
Дар Хоруғ, тибқи пешгӯӣ, ҳаво нимаабрию бебориш мешавад, вале туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва баъзан то 10-15 метр дар як сония мевазад, ҳарорати ҳаво дар вилоят шабона 6-8 хунук ва рӯзона 0-2 дараҷа гарм мешавад.
Сокинони вилояти Суғдро ҳавои нимаабрӣ интизор аст, ҳавошиносон бориш пешгӯӣ намекунанд, вале дар ин минтақа тумани ғафс мефарояд. Ҳарорат шабона 1-3 хунук, рӯзона 8-10 гарм мешавад. Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, шабона дар кӯҳистон ҳаво то 12 дараҷа сард мешавад.
Дар Бохтар ва Кӯлоб ҳавои хеле гарм дар назар аст. Рӯзи шанбе, 18 декабр ҳаво то 12 ва рӯзи якшанбе то 19 дараҷа гарм мешавад.