https://sputnik.tj/20211217/tojikiston-smm-jilavgiri-pahnshavii-mavodi-mukhaddir-1044217299.html
Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир хостори ҳамоҳангии СММ шуд
Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир хостори ҳамоҳангии СММ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир ҳамоҳангсозӣ пешниҳод кардааст
2021-12-17T14:00+0500
2021-12-17T14:00+0500
2021-12-17T18:16+0500
дар тоҷикистон
смм
агентии назорати маводи нашъаовар
пешниҳод
маводи мухаддир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039137815_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_a634d9f4947164602867b2b827d2b974.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳабибулло Воҳидзода, раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи минтақавии Раёсати СММ дар бораи маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар шаҳри Маскав гуфтааст, ки Тоҷикистон хостори ҳамоҳангсозии фаъолият барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир аст.Тибқи иттилои, дафтари матбуотии агентӣ, Ҳабибулло Воҳидзода ба дастоварду мушкилот дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ, хатари паҳншавии маводи мухаддири синтетикӣ ва психотропӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон ишора карда, аз Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) СММ-ву дигар кишварҳо пешниҳод кард, ки фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро барои пешгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир ҳамоҳанг созанд.“Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки хатари воқеии нашъамандӣ ба саломатии аҳолӣ ва генофонди миллат дар баробари пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тамоми тадбирҳои заруриро дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии нашъамандон меандешад”, - зикр кард мансабдори тоҷик.Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ҷаласаи мазкур дастовардҳои асосии Барномаи минтақавии UNODC барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар марҳилаи II ва шарҳи афзалияти асосии стратегӣ оид ба марҳилаи III барномаи мазкур барои соли 2022, баррасии талошҳо барои кафолати тавонмандии минтақавии мубориза бо маводи нашъадор ва ҳамкорӣ бо Барномаи минтақавии UNODC барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, изҳороти кишварҳои маблағгузор ва шарикони барномаи минтақаӣ, оғози расмии марҳилаи сеюми Барномаи минтақавии UNODC барои солҳои (2022-2025) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
https://sputnik.tj/20211212/mavodi-makhaddir-afgoniston-tolibon-1044100181.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039137815_55:0:945:667_1920x0_80_0_0_6ed7c41783116603a76ee57cd7665b98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маводи мухаддир, смм, ҳамоҳангсозӣ, ҷилавгирӣ
тоҷикистон, маводи мухаддир, смм, ҳамоҳангсозӣ, ҷилавгирӣ
Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир хостори ҳамоҳангии СММ шуд
14:00 17.12.2021 (Навсозишуда: 18:16 17.12.2021) Раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир ҳамоҳангсозӣ пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳабибулло Воҳидзода, раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи минтақавии Раёсати СММ дар бораи маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар шаҳри Маскав гуфтааст, ки Тоҷикистон хостори ҳамоҳангсозии фаъолият барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир аст.
Тибқи иттилои, дафтари матбуотии агентӣ, Ҳабибулло Воҳидзода ба дастоварду мушкилот дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ, хатари паҳншавии маводи мухаддири синтетикӣ ва психотропӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон ишора карда, аз Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) СММ-ву дигар кишварҳо пешниҳод кард, ки фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро барои пешгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир ҳамоҳанг созанд.
“Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки хатари воқеии нашъамандӣ ба саломатии аҳолӣ ва генофонди миллат дар баробари пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тамоми тадбирҳои заруриро дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии нашъамандон меандешад”, - зикр кард мансабдори тоҷик.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ҷаласаи мазкур дастовардҳои асосии Барномаи минтақавии UNODC барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар марҳилаи II ва шарҳи афзалияти асосии стратегӣ оид ба марҳилаи III барномаи мазкур барои соли 2022, баррасии талошҳо барои кафолати тавонмандии минтақавии мубориза бо маводи нашъадор ва ҳамкорӣ бо Барномаи минтақавии UNODC барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, изҳороти кишварҳои маблағгузор ва шарикони барномаи минтақаӣ, оғози расмии марҳилаи сеюми Барномаи минтақавии UNODC барои солҳои (2022-2025) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.