https://sputnik.tj/20211217/takhir-mofavq-us-savt-ima-rusiya-se-milliard-dollar-barovard-shudaast-1044223873.html
Таъхири мофавқ-ус-савтии ИМА аз Русия се миллиард доллар баровард шудааст
Таъхири мофавқ-ус-савтии ИМА аз Русия се миллиард доллар баровард шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида пешсафии ҷаҳониро аз даст медиҳад 17.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-17T16:55+0500
2021-12-17T16:55+0500
2021-12-17T16:55+0500
дар ҷаҳон
амрико
ҳавопаймо
мушак
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1c/1042548229_0:65:3255:1896_1920x0_80_0_0_c811ce9c8e3842307ab1a1e2edbcaac5.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ин хусусият дар таҳияи силоҳи дорои технологияи муосир рӯшантар зоҳир мешавад. Нокомии барномаҳои муфавқ-ус-савт Пентагонро нигарон мекунад. Дипломатияи “Big Stick” ва стратегияи "чӯби калон" моли гузашта мешавад. Вашингтон бояд ба Маскав ва Пекин баробар шавад.Буҷаи низомии ИМА ба 778 миллиард доллар расид. Пентагон шартномаи эҷоди як мушаки муфавқ-ус-садоӣ барои нерӯҳои баҳрии ИМА-ро то 3 миллиард доллар афзоиш дод. Амрикоиҳо дар ҳашт барномаи гуногун ба "муфавқ-ус-садо" ҳамла мекунанд ва дар соли молиявии 2022 онҳо ният доранд, ки боз 3,8 миллиард доллар харҷ кунанд. Хароҷот бо Ташаббуси мудофиаи Аврупо (4 миллиард доллар) баробар аст.Тибқи ҳисобҳои Пентагон, таҳияи як мушаки муфавқ-ус-савт дар баҳр бо масофаи беш аз 2700 км бояд дар тӯли панҷ сол анҷом дода шавад ва то баҳори соли 2024 намоиши қобилияти нишонрас будани зарбаи он ба "ҳадафҳои интихобшуда ва муҳим" дар ҳама ҷои рӯи Замин дар тӯли як соат сурат гирад.Воқеият ин аст, ки амрикоиҳо то ҳол мушкили суръатбахшии аввалро бартараф накардаанд ва парвози идорашаванда бо суръати муфавқ-ус-савт мушкили аз ин ҳам бештари фанноварӣ мебошад.Таҳияи мушаки муфавқ-ус-савти AGM-183A (ARRW) дар Иёлоти Муттаҳида бояд дар тирамоҳи соли 2022 анҷом шавад (ба истифода дода шавад), аммо прототипҳои озмоишӣ бо вуҷуди масрафи пули зиёд тасреъ намешавад. Озмоишҳои парвози AGM-183A дар моҳҳои июл ва апрели соли 2021 ноком шуданд.Нерӯҳои заминии Пентагон нақша доранд, ки як системаи дурпарвози сайёри мофавқ-ус-савти LRHW бо масофаи то 3000 кмро "на пештар аз соли 2023" дарёфт кунанд ва то ҳол озмоишҳои суръатбахшҳои бисёрзинагӣ комилан боварибахш нестанд.Дафтари барномаҳои таҳқиқотии пешрафтаи Вазорати дифои ИМА дар моҳи сентябр дар бораи озмоиши бомуваффақияти мушаки прототипи HAWC маълумоти хеле камро ироа кард. Маълум нест, ки дастгоҳ дар куҷо ва кай аз ҳадди муфавқ-ус-савтӣ гузаштааст.Дамои плазмаТатбиқи лоиҳаҳои мофавқ-ус-садои амрикоӣ бо мушкилоти назарраси фанноварӣ ва муҳандисӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба маводу гармӣ рӯ ба рӯст.Пас аз афзоиши суръат то ҳадди мофавқ-ус-савт маневр дар атмосфера, дар абре аз плазмаҳои бо дамои боло оғоз меёбад, ки метавонад баданаро сӯзонад на танҳо антенна ва ҳисгирҳоро. Дар ин сурат электроникаи борт бояд аз муҳосибаи рафти ҳаракат ва манёвр итминон ҳосил намояд. Дар ин ҷо фазои зиёде барои тавсеаи илми мавод, моторсозӣ, электроника ва аэродинамика вуҷуд дорад.Масалан, хангоми озмоишҳои мушаки мофақ-ус-савти амрикоии Х-43А дар Аляска пас аз ҳафт сонияи парвоз бо суръати тақрибан 6500 км/соат дастгоҳи он дар фазо сӯхт. "Сиркон"-ҳои русӣ намесузанд.Барои Пентагон, драмаи вазъ дар он аст, ки мушакҳои гиперсоникии Русия бо хароҷоти буҷети хеле паст аз соли 2016 бомуваффақият парвоз мекунанд, “Сиркон”-ҳо ба таври оммавӣ истеҳсол карда мешаванд.Нерӯҳои кайҳонии Федератсияи Русия дар соли 2022 силоҳҳои умедбахши муфавқ-ус-савтро дар ҳолати омодабош қарор медиҳанд. Русия тафовути технологии худро аз Иёлоти Муттаҳида афзоиш медиҳад.Дар ин замина як хусусияти аҷиби барномаи муфавқ-ус-савти амрикоӣ ба назар мерасад, ки он иллюзионизми барномаӣ аст.Дар шахри Кортленд (штати Алабама) коргоҳи "Локҳид Мартин" барои васл кардани мушакҳои фавқ-ус-савт пайдо шуд, ки то имрӯз аз озмоиш нагузаштаанд. Корхона ба нақша гирифтааст, ки то охири соли 2022 барои нерӯҳои ҳавоии ИМА 12 мушаки AGM-183A ARRW истеҳсол кунад. Тасвирҳои CG-и маҳсулоти “Lockheed Martin” нисбат ба онҳое, ки дар металл ҷойгиранд, хеле беҳтаранд.Дар ҳамин ҳол нерӯҳои дифои ҳавоии Русия дифоъ аз ҳамалоти мушакҳои муфавқ-ус-савти як душмани эҳтимолиро машқ мекунанд. Қисми аввали ин машқҳо дар охири моҳи октябр дар чанд минтақа баргузор шуданд. Дар тамрингоҳи Ашулук дар вилояти Астрахан шиллик ба сӯйи ҳадафҳое, ки тақлид аз парвози сареъ мекарданд, сурат гирифт. Барои ин Русия маҷмуаҳои мушакии С-300, С-350, С-400, С-500 дорад.Сабқати беҳтаринҳоИёлоти Муттаҳида ва НАТО базӯр тавонистанд аз шоки шадид пас аз пайдо шудани “Авангард”, “Сиркон” ва “Ханҷар” ва ҳамчунин пас аз пайдоиши силоҳҳои мофавқ-ус-савти Чин дар рӯи замин берун биёяд.Пекин дар ин хусус ягон реклама нашр накардааст, вале ба қавли матбуоти Амрико, он "махдудияти физикаро паси cap кард". Ҳавопаймои “Чангжэнг”, ки қодир ба ҳамли кулоҳакҳои ҳастаӣ буд, дар ҷараёни озмоишҳои ахир дар баҳри Чини Ҷанубӣ як мушаки муфавқ-ус-садо партоб кард, ки дар атрофи Замин давр зада, каме аз ҳадаф мунҳариф шуд. Ин натиҷаи хубе барои парвози озмоишии масофаи қариб 40-ҳазоркилометрӣ буд.Масъулони иктишофии Амрико гуфтанд, "мо намедонем, ки онҳо чӣ гуна ин корро кардаанд". Сардори Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА Марк Миллӣ дар бораи қобилияти мушакҳои чинӣ барои убур кардани системаи дифои зиддимушакии ИМА сухан гуфт.Пентагон аз ин гуна фанновариҳо чӣ гуна дифоъ карданро намедонад ва аз иқтидори нави низомии Пекин хеле нигарон аст. Дар навбати худ намояндаи сафоратхонаи Чин дар ШМА Лю Пенгю таъкид кард, ки сиёсати ҳарбии Пекин "хислати дифоӣ дорад".Қаблан блоки афсонавии “Авангард” дар мусобиқаи ҷаҳонии гиперсоникӣ ба ҷои аввалро гирифт. Нашрияи бритониёии “The Telegraph” тактикаи истифодаи ҷангии онро тавсиф кардааст: 26 декабри соли 2018 дар Урал ба кор андохта шуда, мушак партобкунанда, бидуни тарки фазо, дар стратосфера кулоҳаки ҷангиро ҳадаф расонд, ки бо траекторияи зигзаг тақрибан 7000 км/с парвоз мекард ва аз болои Сибир гузашта, дар Камчатка ба нишони аниқ зарба зад.Дар ин ҷо қайд кардан муҳим аст, ки Русия ва Чин ба бархӯрди низомӣ бо ҳамсояҳои сайёраи худ умуман манфиатдор нестанд ва маҷбур буданд, ки мушакҳои гиперсониро эҷод кунанд, то қаламравҳо ва иттифоқчиёни худро аз таҷовузи ҳарчи бештари мураккаб ва бепарвои Ғарб муҳофизат кунанд.Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
https://sputnik.tj/20210827/neruhoi-bahri-rusiya-havopaymo-qotil-1041931983.html
https://sputnik.tj/20211006/zeri-ob-va-noayon-mushaki-favq-us-sadoi-sirkon-i-rusiya-ba-chi-qodir-ast-1042676749.html
https://sputnik.tj/20200416/Ch-tavr-raketaoi-Sirkon--i-Rusiya-tavozuni-nizom-dar-unusro-tayir-mediand-1031094313.html
https://sputnik.tj/20210526/rusiya-jahonaz-mushaki-boldori-nato-1039764121.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1c/1042548229_413:0:3144:2048_1920x0_80_0_0_6ffd1b74a5e90eef94c28c81fe7f83b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
русия, мушак, мофавқ-ус-савт, авангард, сиркон
русия, мушак, мофавқ-ус-савт, авангард, сиркон
Таъхири мофавқ-ус-савтии ИМА аз Русия се миллиард доллар баровард шудааст
Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Иёлоти Муттаҳида пешсафии ҷаҳониро аз даст медиҳад
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ин хусусият дар таҳияи силоҳи дорои технологияи муосир рӯшантар зоҳир мешавад. Нокомии барномаҳои муфавқ-ус-савт Пентагонро нигарон мекунад. Дипломатияи “Big Stick” ва стратегияи "чӯби калон" моли гузашта мешавад. Вашингтон бояд ба Маскав ва Пекин баробар шавад.
Буҷаи низомии ИМА ба 778 миллиард доллар расид. Пентагон шартномаи эҷоди як мушаки муфавқ-ус-садоӣ барои нерӯҳои баҳрии ИМА-ро то 3 миллиард доллар афзоиш дод. Амрикоиҳо дар ҳашт барномаи гуногун ба "муфавқ-ус-садо" ҳамла мекунанд ва дар соли молиявии 2022 онҳо ният доранд, ки боз 3,8 миллиард доллар харҷ кунанд. Хароҷот бо Ташаббуси мудофиаи Аврупо (4 миллиард доллар) баробар аст.
Тибқи ҳисобҳои Пентагон, таҳияи як мушаки муфавқ-ус-савт дар баҳр бо масофаи беш аз 2700 км бояд дар тӯли панҷ сол анҷом дода шавад ва то баҳори соли 2024 намоиши қобилияти нишонрас будани зарбаи он ба "ҳадафҳои интихобшуда ва муҳим" дар ҳама ҷои рӯи Замин дар тӯли як соат сурат гирад.
Воқеият ин аст, ки амрикоиҳо то ҳол мушкили суръатбахшии аввалро бартараф накардаанд ва парвози идорашаванда бо суръати муфавқ-ус-савт мушкили аз ин ҳам бештари фанноварӣ мебошад.
Таҳияи мушаки муфавқ-ус-савти AGM-183A (ARRW) дар Иёлоти Муттаҳида бояд дар тирамоҳи соли 2022 анҷом шавад (ба истифода дода шавад), аммо прототипҳои озмоишӣ бо вуҷуди масрафи пули зиёд тасреъ намешавад. Озмоишҳои парвози AGM-183A дар моҳҳои июл ва апрели соли 2021 ноком шуданд.
Нерӯҳои заминии Пентагон нақша доранд, ки як системаи дурпарвози сайёри мофавқ-ус-савти LRHW бо масофаи то 3000 кмро "на пештар аз соли 2023" дарёфт кунанд ва то ҳол озмоишҳои суръатбахшҳои бисёрзинагӣ комилан боварибахш нестанд.
Дафтари барномаҳои таҳқиқотии пешрафтаи Вазорати дифои ИМА дар моҳи сентябр дар бораи озмоиши бомуваффақияти мушаки прототипи HAWC маълумоти хеле камро ироа кард. Маълум нест, ки дастгоҳ дар куҷо ва кай аз ҳадди муфавқ-ус-савтӣ гузаштааст.
Татбиқи лоиҳаҳои мофавқ-ус-садои амрикоӣ бо мушкилоти назарраси фанноварӣ ва муҳандисӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба маводу гармӣ рӯ ба рӯст.
Пас аз афзоиши суръат то ҳадди мофавқ-ус-савт маневр дар атмосфера, дар абре аз плазмаҳои бо дамои боло оғоз меёбад, ки метавонад баданаро сӯзонад на танҳо антенна ва ҳисгирҳоро. Дар ин сурат электроникаи борт бояд аз муҳосибаи рафти ҳаракат ва манёвр итминон ҳосил намояд. Дар ин ҷо фазои зиёде барои тавсеаи илми мавод, моторсозӣ, электроника ва аэродинамика вуҷуд дорад.
Масалан, хангоми озмоишҳои мушаки мофақ-ус-савти амрикоии Х-43А дар Аляска пас аз ҳафт сонияи парвоз бо суръати тақрибан 6500 км/соат дастгоҳи он дар фазо сӯхт. "Сиркон"-ҳои русӣ намесузанд.
Барои Пентагон, драмаи вазъ дар он аст, ки мушакҳои гиперсоникии Русия бо хароҷоти буҷети хеле паст аз соли 2016 бомуваффақият парвоз мекунанд, “Сиркон”-ҳо ба таври оммавӣ истеҳсол карда мешаванд.
Нерӯҳои кайҳонии Федератсияи Русия дар соли 2022 силоҳҳои умедбахши муфавқ-ус-савтро дар ҳолати омодабош қарор медиҳанд. Русия тафовути технологии худро аз Иёлоти Муттаҳида афзоиш медиҳад.
Дар ин замина як хусусияти аҷиби барномаи муфавқ-ус-савти амрикоӣ ба назар мерасад, ки он иллюзионизми барномаӣ аст.
Дар шахри Кортленд (штати Алабама) коргоҳи "Локҳид Мартин" барои васл кардани мушакҳои фавқ-ус-савт пайдо шуд, ки то имрӯз аз озмоиш нагузаштаанд. Корхона ба нақша гирифтааст, ки то охири соли 2022 барои нерӯҳои ҳавоии ИМА 12 мушаки AGM-183A ARRW истеҳсол кунад. Тасвирҳои CG-и маҳсулоти “Lockheed Martin” нисбат ба онҳое, ки дар металл ҷойгиранд, хеле беҳтаранд.
Дар ҳамин ҳол нерӯҳои дифои ҳавоии Русия дифоъ аз ҳамалоти мушакҳои муфавқ-ус-савти як душмани эҳтимолиро машқ мекунанд. Қисми аввали ин машқҳо дар охири моҳи октябр дар чанд минтақа баргузор шуданд. Дар тамрингоҳи Ашулук дар вилояти Астрахан шиллик ба сӯйи ҳадафҳое, ки тақлид аз парвози сареъ мекарданд, сурат гирифт. Барои ин Русия маҷмуаҳои мушакии С-300, С-350, С-400, С-500 дорад.
Иёлоти Муттаҳида ва НАТО базӯр тавонистанд аз шоки шадид пас аз пайдо шудани “Авангард”, “Сиркон” ва “Ханҷар” ва ҳамчунин пас аз пайдоиши силоҳҳои мофавқ-ус-савти Чин дар рӯи замин берун биёяд.
Пекин дар ин хусус ягон реклама нашр накардааст, вале ба қавли матбуоти Амрико, он "махдудияти физикаро паси cap кард". Ҳавопаймои “Чангжэнг”, ки қодир ба ҳамли кулоҳакҳои ҳастаӣ буд, дар ҷараёни озмоишҳои ахир дар баҳри Чини Ҷанубӣ як мушаки муфавқ-ус-садо партоб кард, ки дар атрофи Замин давр зада, каме аз ҳадаф мунҳариф шуд. Ин натиҷаи хубе барои парвози озмоишии масофаи қариб 40-ҳазоркилометрӣ буд.
Масъулони иктишофии Амрико гуфтанд, "мо намедонем, ки онҳо чӣ гуна ин корро кардаанд". Сардори Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА Марк Миллӣ дар бораи қобилияти мушакҳои чинӣ барои убур кардани системаи дифои зиддимушакии ИМА сухан гуфт.
Пентагон аз ин гуна фанновариҳо чӣ гуна дифоъ карданро намедонад ва аз иқтидори нави низомии Пекин хеле нигарон аст. Дар навбати худ намояндаи сафоратхонаи Чин дар ШМА Лю Пенгю таъкид кард, ки сиёсати ҳарбии Пекин "хислати дифоӣ дорад".
Қаблан блоки афсонавии “Авангард” дар мусобиқаи ҷаҳонии гиперсоникӣ ба ҷои аввалро гирифт. Нашрияи бритониёии “The Telegraph” тактикаи истифодаи ҷангии онро тавсиф кардааст: 26 декабри соли 2018 дар Урал ба кор андохта шуда, мушак партобкунанда, бидуни тарки фазо, дар стратосфера кулоҳаки ҷангиро ҳадаф расонд, ки бо траекторияи зигзаг тақрибан 7000 км/с парвоз мекард ва аз болои Сибир гузашта, дар Камчатка ба нишони аниқ зарба зад.
Дар ин ҷо қайд кардан муҳим аст, ки Русия ва Чин ба бархӯрди низомӣ бо ҳамсояҳои сайёраи худ умуман манфиатдор нестанд ва маҷбур буданд, ки мушакҳои гиперсониро эҷод кунанд, то қаламравҳо ва иттифоқчиёни худро аз таҷовузи ҳарчи бештари мураккаб ва бепарвои Ғарб муҳофизат кунанд.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.