https://sputnik.tj/20211217/tahqiq-qallobi-dodugirift-javohirot-somoni-1044216387.html
Таҳқиқи ду ҳолати қаллобӣ зимни додугирифти ҷавоҳир ба маблағи қариб 700 ҳазор сомонӣ
Таҳқиқи ду ҳолати қаллобӣ зимни додугирифти ҷавоҳир ба маблағи қариб 700 ҳазор сомонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду ҳолати ҳолати қаллобӣ зимни додугирифти ҷавоҳирот дар шаҳри Душанберо таҳқиқ мекунад
2021-12-17T13:15+0500
2021-12-17T13:15+0500
2021-12-17T15:01+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
қаллобӣ
заргарӣ
фиреб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101457/69/1014576909_0:10:1600:910_1920x0_80_0_0_99b0de9622f0f7428edbd297bdd83a55.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, пули ду ҳолати қаллобӣ зимни муомилоти ҷавоҳир дар пойтахт наздик ба 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 40-солаи сокини пойтахт муроҷиат намуда, арз доштааст, ки зану шавҳаре моҳи июли соли равон аз ӯ бо роҳи фиреб маҳсулоти гуногуни заргарӣ ба маблағи 600 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол пулро барнагардондаанд. Манбаъ афзуд, ки марди 26-сола ва ҳамсари 30-солааш ба соҳиби ҷавоҳир ба сифати гарав ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматии нотамомашонро гузоштаанду ваъдаашон дар бораи баргардондани маблағро то ҳол иҷро накардаанд. Ҳолати дигар дар ноҳияи Сино ба қайд гирифта шудааст. Марди 42-сола ба идораи милисаи ин ноҳия муроҷиат намуда, арз доштааст, ки зани 52-сола, сокини шаҳри Душанбе аз ӯ 11 ҳазор сомонӣ ва 200 грамм ҷавоҳири гуногуни тиллоиро ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Таъкид шудааст, ин зан ваъда додааст, ки маблағро дар муҳлати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол ба гуфтааш вафо накардааст. Назари муттаҳамон дар бораи иттиҳомоти зикргардида феълан маълум нест. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20211215/zan-sohib-vazifa-hazor-somoni-dod-1044166088.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101457/69/1014576909_188:0:1413:919_1920x0_80_0_0_52d31ceaee0f8267dafc553dd741a677.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳолати қаллобӣ, таҳқиқ, додугирифт, душанбе
ҳолати қаллобӣ, таҳқиқ, додугирифт, душанбе
Таҳқиқи ду ҳолати қаллобӣ зимни додугирифти ҷавоҳир ба маблағи қариб 700 ҳазор сомонӣ
13:15 17.12.2021 (Навсозишуда: 15:01 17.12.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду ҳолати қаллобӣ зимни додугирифти ҷавоҳир дар шаҳри Душанберо таҳқиқ мекунад
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, пули ду ҳолати қаллобӣ зимни муомилоти ҷавоҳир дар пойтахт наздик ба 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 40-солаи сокини пойтахт муроҷиат намуда, арз доштааст, ки зану шавҳаре моҳи июли соли равон аз ӯ бо роҳи фиреб маҳсулоти гуногуни заргарӣ ба маблағи 600 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол пулро барнагардондаанд.
Манбаъ афзуд, ки марди 26-сола ва ҳамсари 30-солааш ба соҳиби ҷавоҳир ба сифати гарав ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматии нотамомашонро гузоштаанду ваъдаашон дар бораи баргардондани маблағро то ҳол иҷро накардаанд.
Ҳолати дигар дар ноҳияи Сино ба қайд гирифта шудааст. Марди 42-сола ба идораи милисаи ин ноҳия муроҷиат намуда, арз доштааст, ки зани 52-сола, сокини шаҳри Душанбе аз ӯ 11 ҳазор сомонӣ ва 200 грамм ҷавоҳири гуногуни тиллоиро ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Таъкид шудааст, ин зан ваъда додааст, ки маблағро дар муҳлати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол ба гуфтааш вафо накардааст.
Назари муттаҳамон дар бораи иттиҳомоти зикргардида феълан маълум нест.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.