https://sputnik.tj/20211217/shahbonui-sher-tojik-gulrukhsor-1044211370.html
Шаҳбонуи шеъри тоҷик, Гулрухсор Сафиева 74-сола шуд
Шаҳбонуи шеъри тоҷик, Гулрухсор Сафиева 74-сола шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шоири саршиноси тоҷик, шоири мардумии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева 74-сола шуд 17.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-17T10:03+0500
2021-12-17T10:03+0500
2021-12-17T13:54+0500
дар тоҷикистон
гулрухсор сафиева
зодрӯз
шоири халқӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101381/26/1013812669_0:387:1352:1148_1920x0_80_0_0_428018f985d4f59595da8af63f4ec6f7.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шоир, нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва фаъоли ҷомеа Гулрухсор Сафиева рӯзи 17-уми декабр аз 74-умин солагияш таҷлил мекунад.Ӯ аз шинохтатарин бонуи тоҷик дар қаламрави шеъри порсист, ки ҷойгоҳи хосеро дорост.Ба навиштаи донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо, дар таъриху адабиёту андешаи муосири мо бону Гулрухсор танҳо як зан ё шоира нест, балки Гулрухсор як шоҳкор, як асари нодир, як нигораи арзишманд ва як сатҳест, ки зани тоҷик дар камолу ҷамол, дар маърифату огоҳӣ, дар ҳувияту ватандорӣ ва дар озодагию растагорӣ онро метавонад меъёр бигирад; худро ба он сатҳ бикашад, ба он тарҳ бирезад, ба он рӯҳия бисозад.Ба тасвири донишманди тоҷик, агар бихоҳем, як бонуи ворастаи элитарии тоҷикро бо ҳама маънову сифоташ тасаввур кунем, ки дар ҷавҳару вуҷуду симои ӯ ҳам зан бошаду ҳам отифа бошаду ҳам шахсият бошаду ҳам маърифат бошаду ҳам ҷамъият бошаду ҳам миллат пеш аз ҳама симои Гулрухсор пеши назар меояд.Гулрухсор Сафиева дар поёни солҳои 90-уми асри гузашта яке аз фаъолони сиёсӣ ва мадании Тоҷикистон ба шумор мерафт ва шеъри ӯ дар кишвар, ҳатто берун аз он ҳаводорони зиёд дошт.Пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон барои муддате берун рафт ва дар аввоили соли 1996 ба Ватан баргашт.Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ дар бахши адабиёт аст.Зиндагиномаи Гулрухсор СафиеваГулрухсор Сафиева 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нурободи водии Рашт ба дунё омадааст.Соли 1968 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.Ба ҳайси мухбири рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" (1968-1969), мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи марказии Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1969-1970), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" ва маҷаллаи "Машъал" (1970-1972), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" (1970-1981) кор кардааст.Гулрухсор солҳои 1987-1993 раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буд.Ӯ котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Асотсиатсияи нависандагони Осиё ва Африқо, Раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, Вакили Шӯрои Олии ИҶШС (1989-1991), президенти Академияи байналмилалии фарҳанги АвруОсиё (1994 — 2004, Русия) буд.Эҷодиёти Гулрухсор СафиеваАсарҳои Гулрухсор Сафиева ба забонҳои гуногуни ҷаҳон нашр шуда, ҳаводорони бешуморе дар дохилу хориҷи кишвар доранд.Ӯ нахустин нависандаи роман дар бораи зани тоҷик дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мебошад.Аввалин шеъраш "Баҳор" (1962) унвон дошт.Шеъри аввалини ин шоири дар давраи наврасияш бо унвони "Тоҷикистон" дар рӯзномаи ноҳиявии Ғарм "Қаротегини советӣ" нашр шудааст.Аввалин маҷмӯаи шеъриаш "Бунафша" соли 1970 ба дасти мухлисонаш расид.Ин маҷмуа аз шоири ҷавону ояндадор будани Гулрухсор ба ворисони шеъри ноб мужда медод.Ба дунбол китобҳои ӯ "Хонаи падар"(1973), "Шабдарав" (1975), "Афсонаи кӯҳӣ" (1975), "Дунёи дил" (1977), "Ихлос" (1980), "Оташи Суғд" (1981), "Гаҳвораи сабз" (1984), "Сипар" (1984) "Оинаи рӯз" (1984), "Шабнам"(1986), "Рӯҳи Бохтар" (1987), "Қасидаи кӯҳистон" (1988) нашр шуданд.Пас аз ба истиқлол расидани кишвар китобҳои "Тахти сангин" (1992), "Зодрӯзи дард" (1995), "Дар паноҳи сояи худ" (1998), "Рӯзномаи берӯз" (2000), "Зан ва ҷанг" (2000, 2004, 2013), "Девон" (2004), "Биҳишти хобҳо" (2004), "Девон" (2006), "Сад барги ғазал" (2007), "Ҷовидона" (2009) "Шуъла дар санг" (2011), "Таронаи Ватан" (2012), ба нашр расиданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101381/26/1013812669_0:261:1352:1275_1920x0_80_0_0_25be0ed6febdc6ead583f11dbb9769d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, гулрухсор сафиева, зодрӯз, шоири халқӣ
дар тоҷикистон, гулрухсор сафиева, зодрӯз, шоири халқӣ
Шаҳбонуи шеъри тоҷик, Гулрухсор Сафиева 74-сола шуд
10:03 17.12.2021 (Навсозишуда: 13:54 17.12.2021) Шоири саршиноси тоҷик, шоири мардумии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева 74-сола шуд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шоир, нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва фаъоли ҷомеа Гулрухсор Сафиева рӯзи 17-уми декабр аз 74-умин солагияш таҷлил мекунад.
Ӯ аз шинохтатарин бонуи тоҷик дар қаламрави шеъри порсист, ки ҷойгоҳи хосеро дорост.
Ба навиштаи донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо, дар таъриху адабиёту андешаи муосири мо бону Гулрухсор танҳо як зан ё шоира нест, балки Гулрухсор як шоҳкор, як асари нодир, як нигораи арзишманд ва як сатҳест, ки зани тоҷик дар камолу ҷамол, дар маърифату огоҳӣ, дар ҳувияту ватандорӣ ва дар озодагию растагорӣ онро метавонад меъёр бигирад; худро ба он сатҳ бикашад, ба он тарҳ бирезад, ба он рӯҳия бисозад.
Ба тасвири донишманди тоҷик, агар бихоҳем, як бонуи ворастаи элитарии тоҷикро бо ҳама маънову сифоташ тасаввур кунем, ки дар ҷавҳару вуҷуду симои ӯ ҳам зан бошаду ҳам отифа бошаду ҳам шахсият бошаду ҳам маърифат бошаду ҳам ҷамъият бошаду ҳам миллат пеш аз ҳама симои Гулрухсор пеши назар меояд.
"Ӯ дили як миллат, набзи як эҳё, гули як фарҳанг ва меваи як тамаддун аст. Ӯ оташи як ҷасорат ва забони як рисолат аст", - навиштааст Раҳнамо.
Гулрухсор Сафиева дар поёни солҳои 90-уми асри гузашта яке аз фаъолони сиёсӣ ва мадании Тоҷикистон ба шумор мерафт ва шеъри ӯ дар кишвар, ҳатто берун аз он ҳаводорони зиёд дошт.
Пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон барои муддате берун рафт ва дар аввоили соли 1996 ба Ватан баргашт.
Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ дар бахши адабиёт аст.
Зиндагиномаи Гулрухсор Сафиева
Гулрухсор Сафиева 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нурободи водии Рашт ба дунё омадааст.
Соли 1968 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ба ҳайси мухбири рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" (1968-1969), мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи марказии Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1969-1970), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" ва маҷаллаи "Машъал" (1970-1972), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" (1970-1981) кор кардааст.
Гулрухсор солҳои 1987-1993 раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буд.
Ӯ котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Асотсиатсияи нависандагони Осиё ва Африқо, Раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, Вакили Шӯрои Олии ИҶШС (1989-1991), президенти Академияи байналмилалии фарҳанги АвруОсиё (1994 — 2004, Русия) буд.
Эҷодиёти Гулрухсор Сафиева
Асарҳои Гулрухсор Сафиева ба забонҳои гуногуни ҷаҳон нашр шуда, ҳаводорони бешуморе дар дохилу хориҷи кишвар доранд.
Ӯ нахустин нависандаи роман дар бораи зани тоҷик дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мебошад.
Аввалин шеъраш "Баҳор" (1962) унвон дошт.
Шеъри аввалини ин шоири дар давраи наврасияш бо унвони "Тоҷикистон" дар рӯзномаи ноҳиявии Ғарм "Қаротегини советӣ" нашр шудааст.
Аввалин маҷмӯаи шеъриаш "Бунафша" соли 1970 ба дасти мухлисонаш расид.
Ин маҷмуа аз шоири ҷавону ояндадор будани Гулрухсор ба ворисони шеъри ноб мужда медод.
Ба дунбол китобҳои ӯ "Хонаи падар"(1973), "Шабдарав" (1975), "Афсонаи кӯҳӣ" (1975), "Дунёи дил" (1977), "Ихлос" (1980), "Оташи Суғд" (1981), "Гаҳвораи сабз" (1984), "Сипар" (1984) "Оинаи рӯз" (1984), "Шабнам"(1986), "Рӯҳи Бохтар" (1987), "Қасидаи кӯҳистон" (1988) нашр шуданд.
Пас аз ба истиқлол расидани кишвар китобҳои "Тахти сангин" (1992), "Зодрӯзи дард" (1995), "Дар паноҳи сояи худ" (1998), "Рӯзномаи берӯз" (2000), "Зан ва ҷанг" (2000, 2004, 2013), "Девон" (2004), "Биҳишти хобҳо" (2004), "Девон" (2006), "Сад барги ғазал" (2007), "Ҷовидона" (2009) "Шуъла дар санг" (2011), "Таронаи Ватан" (2012), ба нашр расиданд.