Ҷонибдории ҳукумати Русия аз пурзӯр намудани ҷазои ронандаҳои хашин - "лихач"

CC BY 2.0 / Lindsay Shaver / cars racing / Гузариш ба медиабонкНочные гонки, архивное фото
Ночные гонки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Обуна шудан
Кобинаи вазирони Русия аз тарҳи роҳандозии ҷавобгарии ҷиноӣ барои идораи воситаи нақлиёт бо нақзи қоидаҳои ҳараката дар роҳ ҷонибдорӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Мавқеи ҳукумат дар мавриди пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои идораи хашин мусбат аст, изҳор дошт ноиби аввали раиси фраксияи "Русияи воҳид", Дмитрий Вяткин.
"Масъалаи тасреи мавқеъгиирии ҳукумат ба лоиҳаи пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лихач", ё худ ронандаҳои хашин ба миён гузошта шуд. Гузориш медиҳам, ки вокуниши ҳукумат гирифта шуд ва он мусбат мебошад", - хабар додааст РИА "Новости" аз қавли Вяткин.
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Додгоҳ Чоршанбиевро ҷарима ва аз Русия ихроҷ кард - видео
Вакил таъкид намуд, ин санад ба ронандаҳое дахл дорад, ки батакрор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз мекунанд.
Қаблан раиси палатаи поёнии парлумони Русия Вячеслав Володин дастур дода буд, ки дар кӯтоҳтарин муддат тағйирот ба қонунгузорӣ барои сангин намудани ҷазои ронандаҳои бадхӯ таҳия шавад.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ҳаракати хашини бархе аз ронандаҳо, аз ҷумла блогерҳо, ки навори онро дар интернет нашр мекунанд, афзоиш ёфтаанд. Дар бархе ҳолатҳо чунин аъмол бо маргу ҷароҳати иштирокдорони ҳаракат дар роҳ меанҷомад.
Лентаи хабарҳо
0