Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Афзоиши якбораи теъдоди гирифторони коронавирус дар Қазоқистон

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкГородская клиническая инфекционная больница в Казахстане
Городская клиническая инфекционная больница в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон теъдоди гирифторони коронавирус якбора афзудааст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 546 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо такя ба Вазорати тандурустии ин кишвар.
Ҳамин тавр дар 24 соати гузашта дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нурсултон 97 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст, ки нисбат ба рӯзи қаблӣ чаҳор нафар бештар аст. Рӯзи 15-уми декабр бошад, 62 маврид сабт шуда буд.
Дар умум дар ин кишвар 981 981 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати беҳдоштии ин кишвар, феълан 20 002 нафар табобат аз COVID-ро идома медиҳанд ( 17 392 беморон бо санҷиши мусбати ПСР ва 2 610 нафари дигар бо натиҷаи манфӣ).
Инфаркт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Зарба ба қалб: чӣ гуна коронавирус инсонро мекушад?
Аз ин шумор 3468 гирифтор дар беморхона ва 16534 кас ба таври амбулаторӣ табобат мегиранд.
281 бемор дар ҳолати вахим, 81 нафар дар ҳолати вазнин қарор дошта ва 63 бемор ба дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ пайваст карда шудаанд.
Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 7 нафар бо ташхиси коронавирус ва се нафари ба унвони гирифтори пневмония фавтидаанд.
Мясников роҳи ягонаи пирӯзӣ бар омикронро ошкор кард
Теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус дар ин кишвар (аз оғози пандемия соли гузашта) ба 12 903 нафар ва аз илтиҳоби шуш ба 5 195 нафар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0