Дар Вахш 68 дарсади сокинон алайҳи коронавирус моякӯбӣ шуданд

© Pixabay/kfuhlertВакцинация
Вакцинация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Обуна шудан
Дар Вахш ба хотири пешгирӣ аз бемории коронавирус дастикам 70 нуқтаи ваксиназанӣ таъсис додаанд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар Вахш 68 дарсади сокинон алайҳи бемории коронавирус ваксина гирифтанд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж" бо истинод ба мудири маркази кумаки аввалияи тиббию санитарии ин ноҳия Саиднуриддин Талбаков.
Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора 52 848 нафар бо вояи якум ва 35 895 нафар бо воя дуюм моякӯбӣ шуданд.
Гуфта мешавад, дар маҷмуъ 88 743 нафар аҳолии ноҳияи мазкур ваксиназанӣ шуданд, ки 68 дарсадро ташкил медиҳад.
Вакцинация covid-19  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Чанд нафар аз аҳолии Тоҷикистон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд? Омори вазорат
Ба гуфтаи Талбаков, ҳоло дар ноҳияи Вахш 17 949 ваксина захира шудааст. Ваксинҳои захирашуда "AstraZeneca" ва "Moderna" мебошанд, ки аз аввалӣ 14 949 ва аз дуввумӣ 2 990 воя нигоҳдорӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Вахш барои мубориза алайҳи коронавирус 70 нуқтаи ваксиназанӣ таъсис ёфтааст ва кормандони соҳаи тиб хона ба хона гашта, мардумро ваксина мекунанд.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то якуми декабри соли ҷорӣ зиёда аз 2,9 миллион нафар аз шаҳрвандони кишвар бар зидди COVID-19, тибқи нақша, моякӯбӣ шуда, зиёда аз 2,5 миллион нафар вояи дуюми ваксинаро гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0