https://sputnik.tj/20211216/kreml-ikhroj-diplomat-olmon-1044199321.html
Вокуниши Кремл ба ихроҷи дипломатҳои рус аз Олмон
Вокуниши Кремл ба ихроҷи дипломатҳои рус аз Олмон
Sputnik Тоҷикистон
Котиби матбуотии президенти Русия, ихроҷи дипломатҳо аз Олмонро як эпизоди ногувор номид
2021-12-16T17:00+0500
2021-12-16T17:00+0500
2021-12-16T17:49+0500
сиёсат
ихроҷ
олмон
кремл
дипломат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472221_0:0:3082:1734_1920x0_80_0_0_2790c3cdfcd48b9701bbb8cea495a42a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Қарори Олмон дар бораи ихроҷи дипломатҳои Русия як саҳнаи нохушоянд аст, аммо он набояд ба дурнамои барқарор кардани муносибатҳои дуҷониба дар давраи садри аъзами нав - Олаф Шолтс таъсир расонад, гуфт Дмитрий Песков. Додгоҳи Олии Берлин рӯзи чаҳоршанбе шаҳрванди Русия Вадим Соколов (Красиков)-ро дар куштори шаҳрванди Гурҷистон Зелимхон Хангошвилӣ гунаҳкор донист ва ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳимоятгар дар набудани заминаи далелҳои кофӣ исрор меварзад, аммо қарор дар бораи шикоят ҳанӯз қабул нашудааст. Пас аз эълони ҳукм Вазорати корҳои хориҷии Олмон сафири Русия дар ин кишвар Сергей Нечаевро даъват карда, аз ихроҷи ду дипломати рус хабар дод, гуфт вазири корҳои хориҷӣ Анналена Бербок. Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор доштанд, Русия иттиҳомоти даст доштани сохторҳои давлатӣ дар куштори Хонгошвилиро қатъан рад мекунад. "Ин эпизод, ки шумо зикр кардед, ба эҳтимоли зиёд ба эпизодҳои ногувор дар равобити дуҷонибаи мо ишора мекунад, аммо мо бовар дорем, ки ин ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба дурнамои баргузории муколамаи президент Путин ва канслери нав таъсир расонад", - гуфт Песков дар посух ба суоли хабарнигорон, ки пурсиданд, оё Кремл вазъи ихроҷи дипломатҳоро аз нигоҳи рушди равобити дуҷониба манфӣ медонад. Ба саволе, ки "оё ягон нақшаи бунёди ин муколама вуҷуд дорад?", Песков ҷавоби мусбат дод. "Албатта, мо умедворем, ки бо мурури замон онҳо ба барқарории чунин тамос шуруъ хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20211215/talosh-gharb-taghyir-qudrat-rusiya-sol-2024-1044169373.html
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472221_244:0:2975:2048_1920x0_80_0_0_ab6aa6af4e2a8479bd5311ac0a517542.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кремл, ихроҷи дипломатҳо, олмон
кремл, ихроҷи дипломатҳо, олмон
Вокуниши Кремл ба ихроҷи дипломатҳои рус аз Олмон
17:00 16.12.2021 (Навсозишуда: 17:49 16.12.2021) Сухангӯи президенти Русия ихроҷи дипломатҳо аз Олмонро як эпизоди нохушоянд номид
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Қарори Олмон дар бораи ихроҷи дипломатҳои Русия як саҳнаи нохушоянд аст, аммо он набояд ба дурнамои барқарор кардани муносибатҳои дуҷониба дар давраи садри аъзами нав - Олаф Шолтс таъсир расонад, гуфт Дмитрий Песков.
Додгоҳи Олии Берлин рӯзи чаҳоршанбе шаҳрванди Русия Вадим Соколов (Красиков)-ро дар куштори шаҳрванди Гурҷистон Зелимхон Хангошвилӣ гунаҳкор донист ва ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Ҳимоятгар дар набудани заминаи далелҳои кофӣ исрор меварзад, аммо қарор дар бораи шикоят ҳанӯз қабул нашудааст.
Пас аз эълони ҳукм Вазорати корҳои хориҷии Олмон сафири Русия дар ин кишвар Сергей Нечаевро даъват карда, аз ихроҷи ду дипломати рус хабар дод, гуфт вазири корҳои хориҷӣ Анналена Бербок.
Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор доштанд, Русия иттиҳомоти даст доштани сохторҳои давлатӣ дар куштори Хонгошвилиро қатъан рад мекунад.
"Ин эпизод, ки шумо зикр кардед, ба эҳтимоли зиёд ба эпизодҳои ногувор дар равобити дуҷонибаи мо ишора мекунад, аммо мо бовар дорем, ки ин ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба дурнамои баргузории муколамаи президент Путин ва канслери нав таъсир расонад", - гуфт Песков дар посух ба суоли хабарнигорон, ки пурсиданд, оё Кремл вазъи ихроҷи дипломатҳоро аз нигоҳи рушди равобити дуҷониба манфӣ медонад.
Ба саволе, ки "оё ягон нақшаи бунёди ин муколама вуҷуд дорад?", Песков ҷавоби мусбат дод.
"Албатта, мо умедворем, ки бо мурури замон онҳо ба барқарории чунин тамос шуруъ хоҳанд кард", - гуфт ӯ.