https://sputnik.tj/20211216/khatari-choy-ba-ustukhonho-1044189541.html
Хатари чой барои устухонҳо
Хатари чой барои устухонҳо
Sputnik Тоҷикистон
Ғизошинос хавфи чойро барои устухонҳо ошкор кард
2021-12-16T11:35+0500
2021-12-16T11:35+0500
2021-12-16T12:57+0500
тандурустӣ
чойи сабз
фоида
чой
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1b/1031800084_0:84:3021:1783_1920x0_80_0_0_15ca56a91bc6d78bd99704d5cd55d9f1.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Таваҷҷуҳи зиёд ба чойнӯшӣ ба остеопороз ва норасоии оҳан мунҷар мешавад, - гуфт ғизошинос Михаил Гинсбург.Ба гуфтаи ин коршинос, нӯшидани тақрибан чаҳор пиёла чой дар як рӯз кофист. Чун муайян шудааст, ки нӯшидани аз ҳад зиёди чой метавонад ба талафи калсий дар устухон мусоидат кунад ва боиси гирифторӣ ба остеопороз шавад. Ин хатар дар одамоне пайдо мешавад, ки чойро аз ҳад зиёд дӯст медоранд ва дар як рӯз бештар аз даҳ пиёла менӯшанд. Дар ин нӯшокӣ танинҳо мавҷуданд, ки метавонанд ба ҷаббидани оҳан халал расонанд ва боиси норасоии оҳан дар бадан гарданд. Гинсбург маслиҳат медиҳад, ки агар Шумо бо ин микроэлементҳо дар бадан мушкилот дошта бошед, чойро аз меъёр зиёд истеъмол накунед. Чойи гарм барои инсон марговар аст: пизишконҒизошинос инчунин тавзеҳ дод, ки як ё ду соат баъди нӯшидани чой бояд ғизои маъдандор истеъмол кард. Аз ҳад зиёд чой нӯшидан барои одамони гирифтори фишори хун низ хатар дорад: онҳо метавонанд худро нороҳат ҳис кунанд.
https://sputnik.tj/20211211/choyi-sabz-chi-foida-1044087947.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1b/1031800084_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_cc6c1f6e9e2b7d2984dbb6d955d36b1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғизошинос, нӯшидани чой, фоида, зарар
ғизошинос, нӯшидани чой, фоида, зарар
Хатари чой барои устухонҳо
11:35 16.12.2021 (Навсозишуда: 12:57 16.12.2021) Ғизошинос хавфи чойро барои устухонҳо ошкор кард
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Таваҷҷуҳи зиёд ба чойнӯшӣ ба остеопороз ва норасоии оҳан мунҷар мешавад, - гуфт ғизошинос Михаил Гинсбург.
"Чой нӯшокиест, ки истеъмолаш аз ҳад зиёд душвор аст, аммо агар аз ҳад зиёд нӯшида шавад, метавонад боиси эҷоди мушкилот дар саломатӣ шавад", - гуфт Гинсбург.
Ба гуфтаи ин коршинос, нӯшидани тақрибан чаҳор пиёла чой дар як рӯз кофист. Чун муайян шудааст, ки нӯшидани аз ҳад зиёди чой метавонад ба талафи калсий дар устухон мусоидат кунад ва боиси гирифторӣ ба остеопороз шавад.
Ин хатар дар одамоне пайдо мешавад, ки чойро аз ҳад зиёд дӯст медоранд ва дар як рӯз бештар аз даҳ пиёла менӯшанд.
Дар ин нӯшокӣ танинҳо мавҷуданд, ки метавонанд ба ҷаббидани оҳан халал расонанд ва боиси норасоии оҳан дар бадан гарданд.
Гинсбург маслиҳат медиҳад, ки агар Шумо бо ин микроэлементҳо дар бадан мушкилот дошта бошед, чойро аз меъёр зиёд истеъмол накунед.
Ғизошинос инчунин тавзеҳ дод, ки як ё ду соат баъди нӯшидани чой бояд ғизои маъдандор истеъмол кард. Аз ҳад зиёд чой нӯшидан барои одамони гирифтори фишори хун низ хатар дорад: онҳо метавонанд худро нороҳат ҳис кунанд.