Истиқболи Миҷгона дар Душанбе: медали тилоро ба модараш бахшид - видео

Обуна шудан
Миҷгона Самадова пас аз пирӯзӣ дар шаҳри Нижневартовски Русия ба Душанбе баргашт ва масъулони соҳаи варзиш, пайвандону мухлисонаш ба истиқболи ӯ баромаданд
Миҷгона Самадова, муштзани тоҷик ва ҳамакнун қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии бокс ба Душанбе баргашт ва ӯро теъдоди зиёди одамон бо гулу гулдаста ва шиор истиқбол гирифтанд.
Ӯ дар Ҷоми ҷаҳони бокс, ки 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор шуд, ширкат карда, пирӯз гардид.
Миҷгона Самадова медали тилои Ҷоми ҷаҳонии боксро гирифт
Самадова ба хабарнигорон изҳор доштааст, ки дар мусобиқаи қаблӣ китфаш сахт зарба хӯрдааст ва дар Русия муқобили ҳарифонаш танҳо бо як даст мубориза мебурд.

“Китфи ман дар Чемпионати Осиё (дар Дубай) лат хӯрда буд. Дар ин мусобиқа ман бо китфи латхӯрда баромад кардам. Ба ин нигоҳ накарда, бо як даст чор рақибро шикаст дода, медали тило гирифтам.”

Ӯ гуфт, медали тилоро ба модараш мебахшад ва ният дорад, ки ба Бозиҳои олимпии 2024 роҳхат гирад.
Лентаи хабарҳо
0