https://sputnik.tj/20211215/zhirinovskiy-haftum-vaksina-1044182146.html
Жириновский бори ҳафтум алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст
Жириновский бори ҳафтум алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ Жириновский ҳафтумин ваксинаи зидди COVID-19-ро сохт
2021-12-15T19:20+0500
2021-12-15T19:20+0500
2021-12-15T21:03+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
владимир жириновский
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1d/1041954294_0:0:3231:1818_1920x0_80_0_0_a88452012f6135af4727b6fed3d2cd2e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раҳбари ҲЛДР Владимир Жириновский гуфт, ки вай барои бори ҳафтум алайҳи коронавирус ваксина гирифтааст, хабар медиҳад РИА "Новости".Илова бар ин ӯ қаблан зидди зуком низ ваксина гирифта будааст. "Ваксина гиред, дӯстон. Ман аллакай бо "Спутник V" ваксина гирифта будам, ин дафъа бо "CoviVac" аз Маркази Чумаков моякӯбӣ шудаам. "Ин як ваксинаи классикӣ бо вируси ғайрифаъол аст, технологияе, ки даҳсолаҳо озмуда шудааст. Дар маҷмуъ, ин ҳафтумин сӯзандору барои ман аз моҳи сентябри соли 2020 то кунун мебошад. Ва ман ҳеҷ гоҳ ба коронавирус гирифтор нашудаам, худро хуб ҳис мекунам", - навиштааст Жириновский дар канали телеграмми худ. Афзун бар ин вай қайд кард, ки ваксиназанӣ дар Русия то ҳол ба қадри кофӣ маъмул нест, дар ҳоле ки ин кишвар аз пандемия хисороти назаррас дида истодааст. "Коронавирус ҷаҳонро фаро гирифт... Аммо нисфи аҳолии Русия ҳанӯз барои эмкунӣ пухта нарасидаанд. Ва ин таассуфовар аст", - гуфт Жириновский.Ёдрас менамоем, пештар Жириновский талаб карда буд, барои онҳое, ки зидди ваксинзанӣ ҳастанд, ҷазо муқаррар шавад.Жириновский талаб кард, алайҳи ваксинбадбинҳо парванда боз шавадРаҳбари Ҳизби либерал-демократӣ гуфт, агар вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ боиси сирояти одамон шавад, ба гунаҳкор то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.Вай ҳамчунин тақозо кардааст, ҳизбҳое, ки намояндагонашон зидди ваксинзанӣ ҳастанд, пароканда ва худи сиёсатмадорон боздошт шаванд.
https://sputnik.tj/20211111/siyosatmador-vaksinbezor-rusiya-tark-1043480851.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1d/1041954294_106:0:2837:2048_1920x0_80_0_0_a21c42d59703e78b4383487d81dc4f37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
жириновский, ваксинагирӣ, covid - 19
жириновский, ваксинагирӣ, covid - 19
Жириновский бори ҳафтум алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст
19:20 15.12.2021 (Навсозишуда: 21:03 15.12.2021) Раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Жириновский ҳафтумин бор ваксинаи зидди COVID-19 гирифтааст
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раҳбари ҲЛДР Владимир Жириновский гуфт, ки вай барои бори ҳафтум алайҳи коронавирус ваксина гирифтааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
Илова бар ин ӯ қаблан зидди зуком низ ваксина гирифта будааст.
"Ваксина гиред, дӯстон. Ман аллакай бо "Спутник V" ваксина гирифта будам, ин дафъа бо "CoviVac" аз Маркази Чумаков моякӯбӣ шудаам.
"Ин як ваксинаи классикӣ бо вируси ғайрифаъол аст, технологияе, ки даҳсолаҳо озмуда шудааст. Дар маҷмуъ, ин ҳафтумин сӯзандору барои ман аз моҳи сентябри соли 2020 то кунун мебошад. Ва ман ҳеҷ гоҳ ба коронавирус гирифтор нашудаам, худро хуб ҳис мекунам", - навиштааст Жириновский дар канали телеграмми худ.
Афзун бар ин вай қайд кард, ки ваксиназанӣ дар Русия то ҳол ба қадри кофӣ маъмул нест, дар ҳоле ки ин кишвар аз пандемия хисороти назаррас дида истодааст.
"Коронавирус ҷаҳонро фаро гирифт... Аммо нисфи аҳолии Русия ҳанӯз барои эмкунӣ пухта нарасидаанд. Ва ин таассуфовар аст", - гуфт Жириновский.
Ёдрас менамоем, пештар Жириновский талаб карда буд, барои онҳое, ки зидди ваксинзанӣ ҳастанд, ҷазо муқаррар шавад.
Раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ гуфт, агар вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ боиси сирояти одамон шавад, ба гунаҳкор то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Вай ҳамчунин тақозо кардааст, ҳизбҳое, ки намояндагонашон зидди ваксинзанӣ ҳастанд, пароканда ва худи сиёсатмадорон боздошт шаванд.