Таъйиноти кадрӣ дар Агентии нафақаи Тоҷикистон

© Дафтари матбуоти Агентии нафақаи ТоҷикистонАбдураҳмонзода Ҷамила Уктамҷон, муовини аввали мудири Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон
Абдураҳмонзода  Ҷамила Уктамҷон, муовини аввали мудири Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тағйироти кадрӣ амалӣ кард
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Президент ба мақоми муовини аввали мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, ки то ҳол холӣ буд, Абдураҳмонзода Ҷамила Уктамҷонро таъйин намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҷамила Уктамҷон то ҳол дар мақоми муовини мудири ин агентӣ кор мекард. Ӯ ба ин мақом моҳи июни соли 2019 таъйин шуда буд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Рухшонаи Эмомалӣ мансаби нав гирифт
Бар асоси қарори ҳукумат, Наимӣ Аъламхон Қодириён, муовини навтаъйини мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки аз аввали соли 2019 то ҳол Аъламхон Наимӣ сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президент буд. Ба далели таъйиноти ҷадид Наимӣ бо амри раисҷумҳур аз вазифаи сардори раёсати молияи дастгоҳ барканор гардид.
Мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2019 то ҳол Дилмурод Давлатзода мебошад, ки то таъйинаш ба ин мақом чанд сол ба ҳайси омӯзгор дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Лентаи хабарҳо
0