https://sputnik.tj/20211215/tasvib-protokol-rusiya-tojikiston-1044174045.html
Тасвиби протокол: Русия 103 бинои низомиро ба Тоҷикистон медиҳад
Тасвиби протокол: Русия 103 бинои низомиро ба Тоҷикистон медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Русия молу мулкеро, ки пойгоҳи низомии 201-ум дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод дигар истифода намебарад, ба Тоҷикистон медиҳад 15.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-15T15:17+0500
2021-12-15T15:17+0500
2021-12-15T18:56+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
лоҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043239355_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_770440c78b5e18616b82bbc7fe200133.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Маҷлиси намояндагон протоколи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи супоридани амволи ғайриманқули озодгардидаро тасвиб кард. Ин санад миёни ду кишвар моҳи июни соли равон имзо шуда буд. Бар асоси протокол, дар майдони қариб 40 километри мураббаъ дар шаҳри Кӯлоб ва дар масоҳати 650 километри мураббаъ дар ноҳияи Муъминобод ҳудуди 103 иншооту бинои низомӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад. Қаблан ин замину иншоот аз ҷониби пойгоҳи низомии 201-уми Русия истифода мешуданд. Ин феҳраст хобгоҳҳо, анбор, ҷои нигоҳдории техника ва нуқтаҳои шустушӯиро шомил мешавад. Соли 2015 Русия нерӯҳояшро аз Кӯлоб ба минтақаи Лоҳур, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, кӯчонд. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.Тибқи шартномаи ба имзо расидаи миёни Тоҷикистону Русия, пойгоҳи мазкур то соли 2042 дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
https://sputnik.tj/20211213/rusiya-razmoish-osiyoi-markazi-afzoish-1044112990.html
лоҳур
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043239355_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6073de0ec1548a379cbe75abe7e868b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, лоҳур
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, лоҳур
Тасвиби протокол: Русия 103 бинои низомиро ба Тоҷикистон медиҳад
15:17 15.12.2021 (Навсозишуда: 18:56 15.12.2021) Русия молу мулкеро, ки пойгоҳи низомии 201-ум дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод дигар истифода намебарад, ба Тоҷикистон медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Маҷлиси намояндагон протоколи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи супоридани амволи ғайриманқули озодгардидаро тасвиб кард. Ин санад миёни ду кишвар моҳи июни соли равон имзо шуда буд.
Бар асоси протокол, дар майдони қариб 40 километри мураббаъ дар шаҳри Кӯлоб ва дар масоҳати 650 километри мураббаъ дар ноҳияи Муъминобод ҳудуди 103 иншооту бинои низомӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад. Қаблан ин замину иншоот аз ҷониби пойгоҳи низомии 201-уми Русия истифода мешуданд. Ин феҳраст хобгоҳҳо, анбор, ҷои нигоҳдории техника ва нуқтаҳои шустушӯиро шомил мешавад.
Соли 2015 Русия нерӯҳояшро аз Кӯлоб ба минтақаи Лоҳур, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, кӯчонд.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.
Тибқи шартномаи ба имзо расидаи миёни Тоҷикистону Русия, пойгоҳи мазкур то соли 2042 дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.