https://sputnik.tj/20211215/muloqot-rahmon-ozmun-furugh-kitob-joiza-1044176493.html
Ду пешвозгирандаи Раҳмон дар минтақаҳо соҳиби ҷоизаи "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" шуд
Ду пешвозгирандаи Раҳмон дар минтақаҳо соҳиби ҷоизаи "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз ҷоиза гирифтани ду нафаре хабар додааст, ки суҳбатҳояшон бо президент Эмомалӣ Раҳмон онҳоро дар кишвар шинохта кард 15.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-15T16:55+0500
2021-12-15T16:55+0500
2021-12-15T19:42+0500
дар тоҷикистон
ҷоиза
эмомалӣ раҳмон
маориф
фархор
озмун
дарвоз
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0f/1044176188_0:74:1920:1154_1920x0_80_0_0_d693c65e049497b52f4eedc1d8b87178.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Гулнигор Наҷмиддинова дар феҳрасти иштирокдорони фаъоли озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" қарор гирифтааст, ки дар қатори 40 нафар фаъоли дигар бо 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид. Наҷмиддинова, хонандаи мактаб аз ноҳияи Фархор мебошад, ки дар яке аз маросими пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон ба ӯ шикоят кард, ки хунук хӯрдаанд. Нафари дигре, ки суҳбаташ бо Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар ҷумҳурӣ шинохта кардаасту дар феҳрасти иштирокдорони фаъоли озмун қарор гирифтааст, холаи Фотима аз ноҳияи Дарвоз мебошад. Ба иттилои Вазорати маориф, ин ду нафар дар феҳрасти иштирокдорони фаъол қарор гирифтанд. Холаи Фотима сокини 65-солаи ноҳияи Дарвоз мебошад, ки зимни сафари ахири раисҷумҳур ба ВМКБ хоҳиши худро барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст", иброз дошт ва Эмомалӣ Раҳмон ба тобеини худ ишора намуда гуфт, ки "ин модарро ҳатман ба пойтахт биёред".Вазорати маориф дар ҷамъбасти озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", хабар дод, ки ба 40 иштирокчии фаъоли озмуни ҷумҳуриявӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ барои ҳар яке тақдим гардид. Таъкид шудааст, ки инчунин 21 нафар аз волидони иштирокдорони озмун бо нишони "Маърифатпарвар" қадрдонӣ гардидаанд.Инчунин вазири маориф дастур додааст, ки ба 10 нафар иштирокчии озмун - пиронсолону ятимон, сарбозон ва камбизоатону шахсони дорои имконияташон маҳдуд ду ҳазор сомонӣ ба ҳар кадоме тақдим гардад.
https://sputnik.tj/20211215/taqdim-nishon-mukofotpuli-faolon-ozmuni-furugh-1044169232.html
фархор
дарвоз
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0f/1044176188_213:0:1920:1280_1920x0_80_0_0_d28b0ba883db3c1b49e0cff60adf86d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҷоиза, эмомалӣ раҳмон, маориф, фархор, озмун, дарвоз, мулоқот
дар тоҷикистон, ҷоиза, эмомалӣ раҳмон, маориф, фархор, озмун, дарвоз, мулоқот
Ду пешвозгирандаи Раҳмон дар минтақаҳо соҳиби ҷоизаи "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" шуд
16:55 15.12.2021 (Навсозишуда: 19:42 15.12.2021) Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз ҷоиза гирифтани ду нафаре хабар додааст, ки суҳбатҳояшон бо президент Эмомалӣ Раҳмон онҳоро дар кишвар шинохта кард
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Гулнигор Наҷмиддинова дар феҳрасти иштирокдорони фаъоли озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" қарор гирифтааст, ки дар қатори 40 нафар фаъоли дигар бо 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Наҷмиддинова, хонандаи мактаб аз ноҳияи Фархор мебошад, ки дар яке аз маросими пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон ба ӯ шикоят кард, ки хунук хӯрдаанд.
Нафари дигре, ки суҳбаташ бо Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар ҷумҳурӣ шинохта кардаасту дар феҳрасти иштирокдорони фаъоли озмун қарор гирифтааст, холаи Фотима аз ноҳияи Дарвоз мебошад. Ба иттилои Вазорати маориф, ин ду нафар дар феҳрасти иштирокдорони фаъол қарор гирифтанд.
Холаи Фотима сокини 65-солаи ноҳияи Дарвоз мебошад, ки зимни сафари ахири раисҷумҳур ба ВМКБ хоҳиши худро барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст", иброз дошт ва Эмомалӣ Раҳмон ба тобеини худ ишора намуда гуфт, ки "ин модарро ҳатман ба пойтахт биёред".
Вазорати маориф дар ҷамъбасти озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", хабар дод, ки ба 40 иштирокчии фаъоли озмуни ҷумҳуриявӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ барои ҳар яке тақдим гардид. Таъкид шудааст, ки инчунин 21 нафар аз волидони иштирокдорони озмун бо нишони "Маърифатпарвар" қадрдонӣ гардидаанд.
Инчунин вазири маориф дастур додааст, ки ба 10 нафар иштирокчии озмун - пиронсолону ятимон, сарбозон ва камбизоатону шахсони дорои имконияташон маҳдуд ду ҳазор сомонӣ ба ҳар кадоме тақдим гардад.