https://sputnik.tj/20211215/karzay-tolibon-tahiya-sarqonun-piron-1044178287.html
Тавсияи Карзай ба толибон: Барои таҳияи Қонуни Асосӣ ба панди пирон гӯш диҳед
Тавсияи Карзай ба толибон: Барои таҳияи Қонуни Асосӣ ба панди пирон гӯш диҳед
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон аз толибон даъват кард, ки пиронсолонро барои таҳияи Конститутсия даъват кунанд
2021-12-15T18:05+0500
2021-12-15T18:05+0500
2021-12-15T20:29+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
ҳамид карзай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/73/1028777361_0:29:3104:1775_1920x0_80_0_0_bd9b57623601e93063d760dd0f2f4e10.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай пешниҳод кард, ки толибон бояд Луи Ҷиргаро барои таҳияи Қонуни Асосӣ ва ташкили ҳукумат даъват кунанд.Кишвардори собиқ ин ҳарфҳоро дар мусоҳиба бо хабаргузории "Associated Press" изҳор доштааст.Ба таъкиди Карзай, дар Афғонистон беш аз 40 сол аст, ҷанг идома дорад ва дар 20 соли охир ин мардум аз ҳар сӯ кушта шуданд. Ӯ гуфт, талафотро ҳам артиши Афғонистон ва ҳам толибон диданд.Ба боварии ӯ, ҷангу хунрезӣ замоне қатъ мешавад, ки тамоми мардуми Афғонистон сарҷамъ оянд.Карзай афзуд, дар мулоқоти худ бо толибон аз онҳо даъват намуд, то Қонуни Асосие, ки аз соли 1923 то 1973 амал мекард, баргардонда шавад. Ҳамчунин Луи Ҷирга даъват шавад, ки дар он намояндагони қабилаҳои афғон ояндаи кишвар, аз ҷумла ташкили ҳукумати намояндагӣ, таҳияи Қонуни Асосӣ ва ҳамзамон парчамро муайян мекунанд.Аммо Карзай иқрор шуд, ки толибон пешниҳоди ӯро на рад ва на ҷонибдорӣ кардаанд.Ёдовар мешавем, рӯзи 28-уми сентябр хабаргузории "Aamaj News"-и Афғонистон гузориш дод, ки толибон тасмим гирифтаанд, муваққатан ба Қонуни Асосии соли 1964 пойбанд шаванд, аммо бо шарти он ки муқаррароти он хилофи шариат амал накунад.
https://sputnik.tj/20211118/karzay-tolibon-abdulloh-khiyonatkor-1043608674.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/73/1028777361_209:0:2940:2048_1920x0_80_0_0_dfc4d7b724a3efe4fa0d665b447e025e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳомид карзай толибон афғонистон
ҳомид карзай толибон афғонистон
Тавсияи Карзай ба толибон: Барои таҳияи Қонуни Асосӣ ба панди пирон гӯш диҳед
18:05 15.12.2021 (Навсозишуда: 20:29 15.12.2021) Раисҷумҳури собиқи Афғонистон аз толибон даъват кард, ки пиронсолонро барои таҳияи Конститутсия даъват кунанд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай пешниҳод кард, ки толибон бояд Луи Ҷиргаро барои таҳияи Қонуни Асосӣ ва ташкили ҳукумат даъват кунанд.
Кишвардори собиқ ин ҳарфҳоро дар мусоҳиба бо хабаргузории "Associated Press"
изҳор доштааст.Ба таъкиди Карзай, дар Афғонистон беш аз 40 сол аст, ҷанг идома дорад ва дар 20 соли охир ин мардум аз ҳар сӯ кушта шуданд. Ӯ гуфт, талафотро ҳам артиши Афғонистон ва ҳам толибон диданд.
Ба боварии ӯ, ҷангу хунрезӣ замоне қатъ мешавад, ки тамоми мардуми Афғонистон сарҷамъ оянд.
"Афғонистониҳо якҷоя шаванд ва мустақилона роҳи раҳоӣ аз ин вазъро пайдо кунанд", - афзуд ӯ.
Карзай афзуд, дар мулоқоти худ бо толибон аз онҳо даъват намуд, то Қонуни Асосие, ки аз соли 1923 то 1973 амал мекард, баргардонда шавад. Ҳамчунин Луи Ҷирга даъват шавад, ки дар он намояндагони қабилаҳои афғон ояндаи кишвар, аз ҷумла ташкили ҳукумати намояндагӣ, таҳияи Қонуни Асосӣ ва ҳамзамон парчамро муайян мекунанд.
Аммо Карзай иқрор шуд, ки толибон пешниҳоди ӯро на рад ва на ҷонибдорӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 28-уми сентябр хабаргузории "Aamaj News"-и Афғонистон гузориш дод, ки толибон тасмим гирифтаанд, муваққатан ба Қонуни Асосии соли 1964 пойбанд шаванд, аммо бо шарти он ки муқаррароти он хилофи шариат амал накунад.