Ҳушдори КҲФ: Тоҷикистонро меғи ғафс иҳота мекунад

© Sputnik / Антон Подгайко / Гузариш ба медиабонкТуман в горах, архивное фото
Туман в горах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Рӯзҳои наздик дар саросари Тоҷикистон меҳи ғафс фуруд меояд, ки тақрибан ду рӯз идома мекунад
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Ҳавошиносони тоҷик оғоз аз фаромадани меғи ғафс дар манотиқи кӯҳӣ ва ағбаҳо дар 17 декабр ҳушдор додаанд.
Чунин вазъи ҳаво эҳтимолан дар бисёре аз минтақаҳо то охири ҳафта идома меёбад.
Барои пешгирӣ кардани фалокат дар роҳҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз номусоидии обуҳаво огоҳ карда, аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар роҳ тавсияҳои зеринро катъан риоя кунанд:
кам кардани суръати бо назардошти шиддати ҳаракат;
тафтиши ҳолати мошин ва бор;
риоя кардани қатъии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон;
даст кашидан аз манёврҳои номатлуб.
Дар мавриди гирифторони бемориҳои дилу раг ва астма бошад, тавсия дода мешавад, ки аз берун рафтан худдорӣ кунанд.
Метель на автомобильной дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Роҳандозии маҳдудиятҳо барои мошинҳои борбар дар масири Душанбе - Чаноқ
Аммо пиёдагардҳо ҳам бояд ҳангоми гузаштан аз кӯча ва роҳҳо бояд эҳтиёткор бошанд.
КҲФ хоҳиш мекунад, ки махсусан шомгоҳон ва саҳар, вақте ки қобилияти биниш махсусан душвор аст, эҳтиёткор бошанд.
Ҳушдори ҳавосанҷон аз сардиҳои шадид дар Тоҷикистон
Дар сурати рух додани ҳодисаҳои изтирорӣ ба рақами ягонаи ёрии таъҷилии Тоҷикистон 112 занг задан лозим аст. Илова бар ин, телефонҳои шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи Хадамоти назорати изтирорӣ шабонарӯзӣ (93 880 28 19 ва 223 13 11) фаъоланд.
Лентаи хабарҳо
0