https://sputnik.tj/20211214/tuhfaho-nomaqbul-soli-nav-1044149121.html
Чиро набояд дар Соли Нав ҳадя кард
Чиро набояд дар Соли Нав ҳадя кард
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисони этикет чизҳоеро номбар карданд, ки набояд ба мизоҷон ё ҳамкорон тӯҳфа карда шаванд
2021-12-14T15:30+0500
2021-12-14T15:30+0500
2021-12-14T20:25+0500
иҷтимоъ
туҳфа
соли нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032451743_0:15:1025:591_1920x0_80_0_0_a48f726602ed4656472de02c9ebc02ab.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ҳар сол ширкатҳо саргарми ҷустуҷӯи ҳадяи мувофиқ барои коргарон мешаванд ва пас аз зиёфат рӯи миз бастаҳои канселярии нодаркор ва туҳфаҳои номувофиқ ҷамъ мешавад. Коршиносон ба РИА "Новости" гуфтанд, чаро набояд дар Соли Нав ба шарикон ҳадя кард.Ҳамин тавр, ба гуфти Татяна Баранова, мавзуи ҳамагирии коронавирус барои ҳама дилгиркунанда шудааст, аз ин рӯ шумо набояд ба шарикони худ ниқоб, дастпӯшак ва антисептикҳо диҳед, ҳатто бо логотипи корпоративӣ."Соли гузашта бисёре аз ширкатҳо "мавзуи актуалӣ" -ро пайгирӣ карданд: онҳо барои муштариён ва шарикони худ тӯҳфаҳои корпоративӣ дар мавзӯи таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ ё фармоишӣ - ниқобҳо, дастпӯшҳо, антисептикҳо ва маҳсулоти марбута омода карданд. Имсол мавзуи пандемия аллакай ҳамаро хаста кардааст", - гуфт ӯ. Ба гуфти Баранова, атриёт, косметика, ғизо ё либосҳои варзиширо метавон туҳфаи баҳсбарангез номид. Албина Холгова, раиси Ассотсиатсияи миллии коршиносони этикет ва протокол (NADEP), бо андешаи Татяна Баранова мувофиқ аст. Вай таъкид кард, ки дар Соли нав набояд ба шарикон маҳсулоти гигиении шахсӣ туҳфа кард"Инчунин шумо наметавонед шаҳодатномаҳои туҳфа ҳадя диҳед. Ҳарчанд ман боре дар шабакаҳои иҷтимоӣ як назарсанҷӣ гузаронида будам ва бештари мардум гуфтаанд, ки мехоҳанд сертификат туҳфа бигиранд. Гап сари он аст, ки ҳадаф аз тӯҳфа ҳайрон кардан ва шод кардан аст. Вақте мо шаҳодатнома медиҳем, мо сюрприз намекунем, шахсро маҷбур мекунем, ки ба мағоза равад ва харид кунад. Агар шахс дар он мағоза чизи лозимаро наёбад чӣ?" — шарҳ дод вай. Илова бар ин, тибқи этикет, нусхаҳои брендҳои машҳур, масалан, соатҳо, инчунин либосҳо, гарданбанд набояд ҳамчун туҳфаи солинавӣ тақдим шавад.
https://sputnik.tj/20211214/tojikistoniyon-sol-nav-istirohat-1044143696.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032451743_18:0:929:683_1920x0_80_0_0_a1d1b5f6f09f422f6e843bf126bff5ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷтимоъ, ҳадя, туҳфа, соли нав
иҷтимоъ, ҳадя, туҳфа, соли нав
Чиро набояд дар Соли Нав ҳадя кард
15:30 14.12.2021 (Навсозишуда: 20:25 14.12.2021) Мутахассисони этикет туҳфаҳоеро номбар карданд, ки набояд ба мизоҷон ё ҳамкорон ҳадя карда шаванд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ҳар сол ширкатҳо саргарми ҷустуҷӯи ҳадяи мувофиқ барои коргарон мешаванд ва пас аз зиёфат рӯи миз бастаҳои канселярии нодаркор ва туҳфаҳои номувофиқ ҷамъ мешавад.
Коршиносон ба РИА "Новости" гуфтанд, чаро набояд дар Соли Нав ба шарикон ҳадя кард.
Ҳамин тавр, ба гуфти Татяна Баранова, мавзуи ҳамагирии коронавирус барои ҳама дилгиркунанда шудааст, аз ин рӯ шумо набояд ба шарикони худ ниқоб, дастпӯшак ва антисептикҳо диҳед, ҳатто бо логотипи корпоративӣ.
"Соли гузашта бисёре аз ширкатҳо "мавзуи актуалӣ" -ро пайгирӣ карданд: онҳо барои муштариён ва шарикони худ тӯҳфаҳои корпоративӣ дар мавзӯи таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ ё фармоишӣ - ниқобҳо, дастпӯшҳо, антисептикҳо ва маҳсулоти марбута омода карданд. Имсол мавзуи пандемия аллакай ҳамаро хаста кардааст", - гуфт ӯ.
Ба гуфти Баранова, атриёт, косметика, ғизо ё либосҳои варзиширо метавон туҳфаи баҳсбарангез номид.
"Агар мо шахсро дақиқ нашиносем, пас афзалиятҳои ӯро тасаввур карда наметавонем. Тӯҳфаҳое, ки ба эҳтимоли зиёд муштариён истифода нахоҳанд кард, номақбул аст, масалан - тӯбҳо бо логотипи корпоративӣ", - афзуд Баранова.
Албина Холгова, раиси Ассотсиатсияи миллии коршиносони этикет ва протокол (NADEP), бо андешаи Татяна Баранова мувофиқ аст. Вай таъкид кард, ки дар Соли нав набояд ба шарикон маҳсулоти гигиении шахсӣ туҳфа кард
"Инчунин шумо наметавонед шаҳодатномаҳои туҳфа ҳадя диҳед. Ҳарчанд ман боре дар шабакаҳои иҷтимоӣ як назарсанҷӣ гузаронида будам ва бештари мардум гуфтаанд, ки мехоҳанд сертификат туҳфа бигиранд. Гап сари он аст, ки ҳадаф аз тӯҳфа ҳайрон кардан ва шод кардан аст. Вақте мо шаҳодатнома медиҳем, мо сюрприз намекунем, шахсро маҷбур мекунем, ки ба мағоза равад ва харид кунад. Агар шахс дар он мағоза чизи лозимаро наёбад чӣ?" — шарҳ дод вай.
Илова бар ин, тибқи этикет, нусхаҳои брендҳои машҳур, масалан, соатҳо, инчунин либосҳо, гарданбанд набояд ҳамчун туҳфаи солинавӣ тақдим шавад.