https://sputnik.tj/20211214/qatar-tojikiston-bunyod-inshoot-varzishi-dushanbe-1044154555.html
Азми Қатару Тоҷикистон барои бунёди иншооти варзишӣ дар Душанбе
Азми Қатару Тоҷикистон барои бунёди иншооти варзишӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Қатар ният доранд, як иншооти варзишӣ барои навъҳои сабуки варзишро дар шаҳри Душанбе бунёд кунанд
2021-12-14T18:15+0500
2021-12-14T18:15+0500
2021-12-14T22:24+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
душанбе
ҳамкорӣ
варзишгоҳ
қатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0e/1044153698_0:0:751:423_1920x0_80_0_0_84ba65ceac6a5cfed8b0f1093a738acc.png
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло, сафири Қатар дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло аз робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар тавсиф намуда, ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои олимпии ду кишварро зикр намудааст. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Абдуллозода аз робитаҳои дӯстонаи ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ташаббусҳои Қатар дар олами варзиш зикр намуд. Ба гуфтаи ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли оянда Бозиҳои Осиё дар соли 2030 як такони ҷиддӣ дар рушди варзиши минтақа ва ҷаҳон хоҳад шуд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан Қатар бунёди масҷиди бузург дар шаҳри Душанберо сармоягузорӣ кард, ки калонтарин дар кишвар мебошад. Интизор мерафт, ки маросими ифтитоҳи масҷид бо ҳузури амири Қатар баргузор шавад, аммо ин кор то ҳол амалӣ нашудааст.
https://sputnik.tj/20211210/barrasi-masoili-muhojirati-mehnati-tojikiston-qatar-1044070493.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0e/1044153698_0:0:667:500_1920x0_80_0_0_40181097e3f27a65f994ba4402605546.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қатар, иншооти варзишӣ, сафир, аҳтам абдуллозода
тоҷикистон, қатар, иншооти варзишӣ, сафир, аҳтам абдуллозода
Азми Қатару Тоҷикистон барои бунёди иншооти варзишӣ дар Душанбе
18:15 14.12.2021 (Навсозишуда: 22:24 14.12.2021) Тоҷикистону Қатар ният доранд, як иншооти варзишӣ барои навъҳои сабуки варзишро дар шаҳри Душанбе бунёд кунанд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло, сафири Қатар дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло аз робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар тавсиф намуда, ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои олимпии ду кишварро зикр намудааст.
"Дар мулоқот, аз ҷумла сохтмони як иншооти варзишӣ барои варзиши сабук дар шаҳри Душанбе, ба роҳ мондани машқҳои дастаҷамъии дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар дар Қатар ва Тоҷикистон баррасӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Абдуллозода аз робитаҳои дӯстонаи ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ташаббусҳои Қатар дар олами варзиш зикр намуд. Ба гуфтаи ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли оянда Бозиҳои Осиё дар соли 2030 як такони ҷиддӣ дар рушди варзиши минтақа ва ҷаҳон хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Қатар бунёди масҷиди бузург дар шаҳри Душанберо сармоягузорӣ кард, ки калонтарин дар кишвар мебошад. Интизор мерафт, ки маросими ифтитоҳи масҷид бо ҳузури амири Қатар баргузор шавад, аммо ин кор то ҳол амалӣ нашудааст.