https://sputnik.tj/20211214/putin-mukholif-kodho-naqliyot-pesh-soli-nav-1044162537.html
Путин мухолифи QR-код дар нақлиёт: Пеш аз Соли Нав барои мардум мушкил эҷод накунем
Путин мухолифи QR-код дар нақлиёт: Пеш аз Соли Нав барои мардум мушкил эҷод накунем
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия гузориши вазири нақлиётро шуниду пешниҳод дар мавариди шаҳодатномаҳои электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятиро мавриди интиқод қарор дод 14.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-14T21:00+0500
2021-12-14T21:00+0500
2021-12-15T12:51+0500
президент
нақлиёт
тандурустӣ
владимир путин
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043037167_0:300:3071:2027_1920x0_80_0_0_ce365bfdcc951b77c32a0593d57db34f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ пеш аз Соли Нав роҳандозии QR-кодҳо зарурат надорад, изҳор дошт раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҷаласаи видеоии ҳукумат. Ба гуфтаи Путин, роҳандозии чунин тағйироти куллӣ дар нақлиёт хеле мушкил аст ва метавонад душвориҳои дигар дар пай дошта бошад. Қаблан раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин гуфт, бо назардошти вазъи минтақаҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон лоиҳаи QR-код дар нақлиёт аз баррасӣ бардошта шуд. Вай зарурати омӯзиши ин масъала, аз ҷумла тавоноии низоми нақлиётро муҳим хонд, то ҳуқуқҳои мардум маҳдуд нашаванд. Маврид ба зикр аст, ки ба баррасии Думаи давлатӣ лоиҳаи Қонун дар бораи истифодаи QR-кодҳо дар нақлиёту ҷойҳои ҷамъиятӣ пешниҳод шуда буд. Ин тарҳ бо худ доштани санад ё QR-коди тасдиқкунандаи ваксинагирӣ, далели мувассақи тиббӣ барои нагирифтани ваксина ва ё паси сар кардани бемории коронавирусро дар назар дошт. Вакилони Думаи давлатӣ мегӯянд, феълан ин тарҳ бозбинӣ шуда истодааст.
https://sputnik.tj/20211214/peshgui-sjb-kovidi-hama-faro-1044154506.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043037167_67:0:2798:2048_1920x0_80_0_0_459a022d86c6c825c93b2a3b43d8fdbb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, нақлиёт, тандурустӣ, владимир путин, дар русия, коронавирус
президент, нақлиёт, тандурустӣ, владимир путин, дар русия, коронавирус
Путин мухолифи QR-код дар нақлиёт: Пеш аз Соли Нав барои мардум мушкил эҷод накунем
21:00 14.12.2021 (Навсозишуда: 12:51 15.12.2021) Раисҷумҳури Русия гузориши вазири нақлиётро шуниду пешниҳод дар мавариди шаҳодатномаҳои электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятиро мавриди интиқод қарор дод
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ пеш аз Соли Нав роҳандозии QR-кодҳо зарурат надорад, изҳор дошт раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҷаласаи видеоии ҳукумат.
Ба гуфтаи Путин, роҳандозии чунин тағйироти куллӣ дар нақлиёт хеле мушкил аст ва метавонад душвориҳои дигар дар пай дошта бошад.
"Ҳозир арафаи Соли Нав аст, чунин маҳдудиятҳо то ҳадде мураккабанд. Барои мардум мушкилот меофарем", - изҳор дошт президент.
Қаблан раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин гуфт, бо назардошти вазъи минтақаҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон лоиҳаи QR-код дар нақлиёт аз баррасӣ бардошта шуд.
Вай зарурати омӯзиши ин масъала, аз ҷумла тавоноии низоми нақлиётро муҳим хонд, то ҳуқуқҳои мардум маҳдуд нашаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ба баррасии Думаи давлатӣ лоиҳаи Қонун дар бораи истифодаи QR-кодҳо дар нақлиёту ҷойҳои ҷамъиятӣ пешниҳод шуда буд. Ин тарҳ бо худ доштани санад ё QR-коди тасдиқкунандаи ваксинагирӣ, далели мувассақи тиббӣ барои нагирифтани ваксина ва ё паси сар кардани бемории коронавирусро дар назар дошт.
Вакилони Думаи давлатӣ мегӯянд, феълан ин тарҳ бозбинӣ шуда истодааст.